Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поймолшавии ҳуқуқи коргарони қазоқ танқид шудааст


Мира Ритман-гузоришгари Ҳуман Ратс Воч дар Осиёи Марказӣ

Мира Ритман-гузоришгари Ҳуман Ратс Воч дар Осиёи Марказӣ

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) ҳукумати Қазоқистон ва ширкатҳои нафтро бо поймол намудани ҳуқуқи ҳазорҳо коргари қазоқ муттаҳам кардааст. Имрӯз Ҳуман Райтс Воч дар шаҳри Нюйорк гузорише нашр намуда, эътирози маргбори коргарони соҳаи нафти Қазоқистон дар соли гузаштаро беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи коргарон унвон додааст. Дар ин гузориш муомилаи ҳукумати Қазоқистон ва ширкатҳои нафт бо коргарони эътирозгар таҳқиқ шудааст. Дар гузориши Ҳуман Райтс Воч аз ҳукумати Қазоқистон даъват шудааст, ки қонунгузориашро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунад. Созмон ҳамчунон аз коршарикони ҳукумати Қазоқистон, ба вижа он ширкатҳое, ки аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, дархост намудааст, баҳри беҳбуди ҳуқуқи башар дар Қазоқистон талош варзида, сӯиистифода аз ҳуқуқи коргарони қазоқро нодида нагиранд.
XS
SM
MD
LG