Пайвандҳои дастрасӣ

Назорати зиндони Багром ба афғонҳо гузашт


Маҳбаси Багром

Маҳбаси Багром

Рӯзи душанбе ИМА назорати маҳбаси Багромро расман ба мақомоти афғон таслим кард. Раҳбари полиси низомии Афғонистон Сафийуллоҳ Сафӣ тасдиқ кард, ки 3182 маҳбус таҳти назорати онҳо қарор гирифтаанд. Афғонистон ва ИМА шаш моҳ пеш созише ба имзо расонида, мувофиқат карданд, ки дар давоми ним сол назорати маҳбаси Багромро ба мақомоти афғон интиқол диҳанд. Ҳоло маълум нест, ки 600 боздоштшуда ва аз ҷумла 50 бандии хориҷии зиндони Багром, ки баъди имзои созиш ба Багром ирсол шудаанд, таҳти назорати кӣ қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG