Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон чашм ба роҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз нерӯҳои низомӣ ва кормандони мақомоти дохилаи вилоят ба ноҳияи Рӯшон эъзом шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин нерӯҳо дар доираи омодагӣ ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа, ки аз ноҳияи Рӯшон оғоз мешавад, ба ин ҷо фиристода шуданд. Мақомоти вилоятӣ мегӯянд, ки пас аз ин, сафари раисҷумҳур дар ноҳияи Шуғнон идома ёфта, дар Хоруғ ҷамъбаст мешавад. Дар маркази вилоят мулоқоти густурдаи президент бо мардум дар назар аст.

Аммо бештари сокинон мегӯянд, ки онҳоро холигоҳи бавуҷудомада пас аз амалиёти Хоруғ нигарон кардааст ва интизороташон аз президент ин аст, ки ба буҳрони Хоруғ нуқта гузорад.

Мӯниси Меҳрубон, сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки сафари президент ба вазъи минтақа таъсири мусбат хоҳад дошт ва умед аст, ки пас аз ин сафар нерӯҳои изофӣ аз минтақа хориҷ шуда, генералҳое, ки тайи қариб ду моҳ боз дар вилоят мондаанд, низ ба Душанбе бармегарданд.

Аммо иддае аз сокинон сафари президентро талош барои ба даст овардани эътимоди мардум арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки агар президент ин фурсатро аз даст медод, сафарҳояи ояндааш ба минтақа аҳамияти худро гум мекард. Ин афрод интизор доранд, ки президент гунаҳкорони ҳодисаи Хоруғро, ки мунҷар ба ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ ва хисороти зиёди молӣ шуд, ном мебарад ва аз мақомҳояшон барканор хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сокинонро мавҷудияти «қувваи саввум ва эҳтимоли рух додани ҳар гуна дасиса аз ҷониби ин гурӯҳ, нигарон кардааст. Мақомот дар ишораҳояш ба «қувваи саввум», онро маҳсули дасти беруна мешуморад. Аммо ба гумони бархе аз мардум, қувваи саввум метавонад дар дохили худи нерӯҳои низомӣ ҳам ҷой дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, аз сӯйи дигар ҳузури нерӯҳои низомӣ фурсати муносиберо дар ихтиёри қуваи саввум мегузорад, ки метавонад ваъзи мавҷудро ба мақсади ба ҳамзадани субот дар минтақа ва ҷумҳурӣ истифода кунад.

Аммо бештари мардум нигарониҳоро бепоя мешуморанд ва мегӯянд, ки сафари қарибулвуқӯъи президент ба вилоят аз сафарҳои қаблиаш фарқе нахоҳад дошт ва ба амнияташ ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG