Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ромнӣ парвандаи ҳастаии Эронро "бохти бузург"-и Обама хонд


Митт Ромнӣ, номзад ба мақоми президентии ИМА, сиёсати Барак Обама дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эронро “бохти бузург” хонд.

Вай қавл дод, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, дар робита бо барномаҳои ҳастаии Эрон мавзеъгирии комилан дигарро дар пеш хоҳад гирифт.

Ромнӣ гуфт: “Шояд бузургтарин бохти Обама ба бузургтарин хатар иртибот дорад, ки Амрико ва ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ ҳастанд ва он Эрони ҳастаӣ мебошад. Президент моро аз Эрони ҳастаӣ дур накард. Дар асл Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шудааст, ба қудрати ҳастаӣ наздик шудааст нисбат ба он даврае, ки Обама ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаста буд. Ба ақидаи ман, ин бузургтарин бохт дар сиёсати хориҷии вай аст”.

Ромнӣ нагуфт, ки сиёсати худро бар зидди Эрон дақиқан чӣ тарз тарҳрезӣ хоҳад кард, вале афзуд: “Ба мо зарур аст, ки аз ҳар имкон истифода кунем, то Эронро аз роҳи пешгирифтаи ҳастаиаш баргардонем, вале ин бад-он маъно нахоҳад буд, ки мо роҳи ҳалли низомиро сарфи назар мекунем. Ин як роҳест, ки албатта, ягон амрикоӣ намехоҳад аз он замоне истифода шавад. Вале мо ин роҳро аз мадди назар дур намекунем”.

Эрон ҳоло мушкилтарин марҳиларо аз сар мегузаронад, зеро таҳримҳои Амрикову Аврупо идома дорад ва музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои нерӯманди ҷаҳон вориди бунбаст шудааст.

Дар гузориши ахири Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ, вобаста ба СММ омадааст, ки Эрон дар корхонаи зерзаминии ҳастаии худ дар Фурдо бештар аз 1 000 дона сентрифуги нави дигарро барои ғанисозии уран насб кардааст. Ин корхона дар наздикии шаҳри Қум дар зери замин аст, ки ба он бомба осеб намерасонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG