Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи якшанбе дар Ироқ 100 нафар кушта шуд


Рӯзи якшанбе дар саросари Ироқ бештар аз 100 нафар кушта шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ин рӯз Тариқ Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури фирории ин кишвар ба қатл маҳкум шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин ба назар намерасад, ки ин ҳамлаҳову кушторҳо дар 13 шаҳр ва дар 6 ноҳияи Бағдод ба судури ҳукми қатли Ҳошимӣ иртибот дошта бошад. Ҳошимӣ душмани деринаи нахуствазир Нурӣ ал Моликӣ дониста мешавад.

Нурӣ ал Моликӣ пайрави мазҳаби шиа мебошад. Ҳошимӣ суннист ва ба Туркия замоне фирор кард, ки ҳукумати Моликӣ гуфт, Ҳошимӣ аз соли 2005 то соли 2011дар 150 бамгузорӣ нақш доштааст.

Аммо Ҳошимӣ ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки ҳукумати шиаҳо мехоҳад рақибони суннии худро саркӯб кунад.
XS
SM
MD
LG