Пайвандҳои дастрасӣ

Митт Ромнӣ Эронро "бохти бузург"-и Обама арзёбӣ кард


Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ

Мит Ромнӣ-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ сиёсати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва рақиби интихоботиашро дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эрон “бохти бузург”-и Обама арзёбӣ кард. Вай қавл дод, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, бархӯрд ба ин масъаларо комилан тағир хоҳад дод. Аммо Ромнӣ дақиқ нагуфт, ки нисбат ба Эрон чӣ гуна мавзеъгирии шадидро дар пеш хоҳад гирифт.

Музокироти Ғарб бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон ба дарозо кашидааст.
Ромнӣ гуфт, сиёсати Амрико дар қиболи Афғонистонро низ тағир хоҳад дод, вале дар ин бора низ ҷузъиёт надод. Аммо Ромнӣ аз Барак Обама ситоиш кард, ки Усома бен Лоден-раҳбари Ал Қоидаро кушт.
XS
SM
MD
LG