Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олланд мушкилоти будҷаи Фаронсаро пешгӯӣ кард


Франсуа Олланд

Франсуа Олланд

Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи поин рафтани рушди иқтисоди Фаронса дар соли оянда изҳори назар кард. Вай гуфт, даромади нохолиси миллӣ, он гуна, ки пешбинӣ мешуд, на 1,2 дарсад, балки 0,8 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Вай дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии TF 1 гуфт, будҷае, ки барои соли 2013 ба нақша гирифта шудааст, яке аз мушкилтарин будҷаҳо дар 30 соли ахир дар ин кишвар хоҳад буд.

Олланд гуфт, ки барои пӯшонидани касри будҷаи соли 2013 30 миллиард евро зарур аст ва ҳукумати Фаронса ин маблағро аз роҳи боло бурдани молиёт ё андоз метавонад ба даст орад.
XS
SM
MD
LG