Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи вазири олмонӣ дар бораи Эрон


Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, рӯзи якшанбе мегӯяд, Эрони мусаллаҳ бо бомби атомӣ қобили қабул нест. Ӯ пеш аз мулоқоташ бо Эҳуд Барак, вазири дифоби Исроил аз ҳукумати Эрон хост, дар музокирот доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш ҷиддӣ бошад. Ба эътиқоди бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ҳадаф аз барномаҳои ҳастаии Эрон сохти бомби атомӣ аст, аммо Эрон мегӯяд, ҳадафи ин барномаҳояш сулҳомез ҳаст. Гуидо Вестервелле таъкид, кард, ки ҳанӯз фурсати роҳҳи ҳалли дипломатии бӯҳрони ҳастаии Эрон вуҷуд дорад, аммо гуфт ӯ ҷомеаи байналмилалӣ, таҳримот ва дигар фишорҳо ба Эронро ҳамчунон нигаҳ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG