Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виталий Кличко дигарбора қаҳрамон шуд


Виталий Кличко, муштзани қавиҳайкали украинӣ рӯзи шанбе дар набарде дар шаҳри Маскав рақиби олмониаш Мануел Чарро шикаст дод ва унвони қаҳрамонии WBC-ро нигаҳ дошт. Довари бозӣ баъди даридани болои чашми рости Мануел Чарр ба идомаи набарди ҳарду муштзани қавиҳайкал иҷоза надод ва хашми Мануел Чарро баррангехт. Ӯро ки бо даъвои идомаи набард ба самти Виталий Кличко ҳаракат мекард, муррабиёнаш ором карданд. Мануел Чарр дар 21 бозӣ пирӯзӣ шуда ва дар 11 тои он рақибонашро бо нокаут шикаст додааст. Виталий Кличко дар 45 бозӣ пирӯз шуда ду бор шикаст хӯрдааст ва дар 40 рақобат, ҳарифонашро бо нокаут мағлуб кардааст.
XS
SM
MD
LG