Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси ҷумҳури Ироқ ба қатл маҳкум шуд


Додгоҳи Ироқ Тариқ Ҳошимӣ, муовини раиси ҷумҳури ин кишварро, бо гуноҳи раҳбарии як гурӯҳи қотил дар ғайбаш ба қатл маҳкум кард. Котиби Тариқ ал-Ҳошимӣ ва домоди ӯро низ, ки шариконаш дар ин қазия хонда шудаанд, ҳукми қатл гирифтаанд. Додгоҳ амр додааст, ки онҳоро ба дор биёвезанд. Додгоҳ Тариқ Ҳошимиро ба қатли як вакили мардумӣ ва генерали ироқӣ гунаҳкор донистааст. Ҳошимии суннимазҳаб гуфтааст, ки парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳокимони шиъамазҳаби Ироқ мехоҳанд, аз ӯ аз ҳамин роҳ ниқор бигиранд. Тариқ Ҳошимӣ, ки баъди эъломи иттиҳом фирор карда буд, ҳоло дар Туркия будааст.
XS
SM
MD
LG