Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқлолият кадоме аз хостаҳои моро бароварда кард ва кадомеро аз мо рабуд?

Яке мегӯяд, истиқлолият неъмати бебаҳост, ки озодиву осоишро ба мо арзонӣ дошт ва дигаре бо таассуф мегӯяд, ки он ишками сери даврони шӯравиро аз мо рабуд.

Аксари мардуме, ки замони истиқлолхоҳии мардуми Тоҷикистон орзуи расидан ба ин рӯзро мекарданд, аз истиқлоли миллат интизориҳои бештар доштанд. Яке орзу дошт, ки бо дарёфти истиқлол, Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта табдил шавад ва озодии баёну адён дошта бошад. Дигаре мехост Тоҷикистонро чун кишварҳои ғарбӣ рушдкарда бубинад.

Аммо ҷавонон, ҳамсолони истиқлол, ки бархе ҳам 21-сол қабл ҳанӯз тифл буданд, дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар хостаҳое доштанд, ки он танҳо дар кишвари мустақил бароварда мешуд.

Аксари ҳамсӯҳбатони мо дар навори видеоии «Озодӣ» мегуфтанд, ки дар тӯли 21 соли истиқлолият ба ҳама хостаҳои худ расиданд. Вале кам набуданд ҷавононе, ки ин ё он хостаи худ дар замони истиқлолиятро амалинашуда унвон мекарданд.

Наворбардори "Озодӣ" бо суоли "Кадом аст, он хостаҳои шумо, ки дар 21 соли истиқлолият бароварда нашуд? назари ҷавонони пойтахтро ҷӯё шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG