Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаластиниён ҷӯёи эътироф дар Созмони Милал


Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин, эълом кард, ки расман аз Маҷмаъи Умумии Созмони Милал хост, ки ин онҳоро ба ҳайси кишвари мустақил ва нозир дар созмон эътироф кунад. Пол Ҳирсшон, сухангӯи ҳукумати Исроил гуфт, ин талоши Фаластиниён як роҳи гурез аз музокироти мустақим бо Исроил аст. Ин кишвар ва Иёлоти Муттаҳида аз фаластиниён хостаанд, ки ингуна дархост накунанд. Аммо Маҳмуд Аббос рӯзи якшанбе гуфт, онҳо талош барои узвият дар Созмони Милалро идома медиҳанд ва рӯзи 27 сентябр, дархости худро ба Маҷмаъи Умумии Созмони Милал пешниҳод хоҳанд кард. Бо назардошти тарафдории бештар аз 193 кишвари узви Созмони Милал, ғолибан Фаластин соҳиби мақоми кишвари нозир дар созмон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG