Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Путин аз таҳқиқи рафтори "Газпром"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Кумиссиёни Аврупоро барои оғози таҳқиқи амалкардҳои ширкати давлати “Газпром” танқид кард. Ӯ гуфт, ки ин қарор “ғайрисозанда” будааст. Ба гуфтаи Владимир Путин, “вазъи мушкили иқтисодӣ дар ҳавзаи евро” Иттиҳодияи Аврупоро ба ин иқдом водор кардааст, ки мехоҳад баҳои он мушкилотро мо бипардозем. Кумиссиёни Аврупо ҳафтае пеш гуфт, таҳқиқотеро дар мавриди амалкардҳои “Газпром” шурӯъ кардааст, ки монеъи рақобат дар бозорҳои кишварҳои соҳили Балтик шуда ва газро ба мизоҷонаш дар Аврупо бо қиматҳои ноодилона фурӯхтааст.
XS
SM
MD
LG