Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи зиндони Багром ба дасти афғонҳо мегузарад


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз НАТО талаб кардааст, ки то фардо масъулияти посбонии зиндони Багромро дар ихтиёри нерӯҳои афғон бигзорад. Дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки Ҳомид Карзай ба генерали амрикоӣ Ҷон Аллен, фармондеҳи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ва Ҷеймс Канингам, сафири Амрико дар Кобул гуфтааст, инттизор дорад, ки бар асоси ёддошти ҳусни тафоҳум, ки моҳи март имзо шуд, посбонии Багром то рӯзи душанбе ба нерӯҳои Афғонистон дода мешавад. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай ҳаргуна таъхир дар ин кор, нақзи истиқлоли Афғонистон хоҳад буд. Дар як гузориши тозаи Бунёди Ҷомеаи Боз омадааст, ки Амрико мехоҳад баъди моҳи сентябр низ масъулияти посбонии Багромро дар даста нигаҳ дорад. Дар зиндони Багром, ҷангҷӯёни Толибон ва хориҷиён низ нигаҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG