Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз миллат хост, фирефтаи бегонагон нашаванд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмаш ба миллат дар рӯзи ҷашни истиқлол аз онҳо хост, монеъи густариши ифротгароӣ ва таассубу тундравӣ дар миёни наврасону ҷавонон шаванд. Дар ин паёми телевизионӣ, ӯ ҳамчунин гуфт, “Ба ҳар шахси соҳибватан зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, ба доми фиреби бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гирифтор нагардад.” Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ба нооромиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ишорае накард, вале аз мардум хост, барои таҳкими ваҳдати миллӣ саъйу кӯшиш кунанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба тақсими одилонаи манобеъи минтақа таъкид кард, ки зоҳиран ишорае ба моҷароҳо бар сари тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказист, ки 60 дар сади он аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина гуфт: “Мо ҳамеша хоҳони онем, ки кишвари мо ва минтақае, ки мо дар он зиндагӣ дорем, ободу пешрафта бошад, сатҳи зиндагии мардумонаш торафт беҳтар гардад, инчунин сарватҳои табиии минтақа ба манфиат ва пешрафти ҳамаи сокинони он самарабахшу оқилона истифода шаванд. Тоҷикистон баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1991 худро кишвари мустақил эълом кард, аммо як сол баъд ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ кашида шуд, ки иқтисоди кишварро вайрон кард, бештар аз 50 ҳазор нафарро кушт ва садҳо ҳазор нафари дигарро бехонумон кард.
XS
SM
MD
LG