Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Агар дасти дорандаҳо боз нашавад, Худо баракат намедиҳад"


Турсуной Зокирова

Турсуной Зокирова

Турсуной Зокирова, экстрасенси машҳури тоҷик, дар шаҳри Қайроқум як бинои 5 ошёнаро сармоягузорӣ мекунад, ки 40 дарсади ҳуҷраҳои онро ройгон барои афроди камбизоат тақдим хоҳад кард.

Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба дунё кушода, дар як хонаводаи серфарзанд ба воя расидааст. Ӯро дар синни 18 солагӣ мисли аксари кулли тоҷикдухтарони он давра, волидайнаш ба шавҳар медиҳанд. Вай бо шавҳараш 27 сол, то вафоти ӯ зиндагии якҷоя ба сар мебарад ва соҳиби 3 фарзанд мешаванд.

Зиндагии вай эҳтимол то ба охир ҳамин тавр, оддиву муқаррарӣ ҷараён мегирифт. Аммо дар миёнаҳои солҳои 80 – уми асри гузашта бемориҳои шадид ва дурударози саратони сина ва фалаҷи пой, Турсунойро водор мекунанд қобилияти худододашро кор бурда, ба табобати худу дигарон машғул шавад.

Аммо Турсуной Зокирова маъруфияти бештарро ду сол қабл, баъди пирӯзӣ дар сабқати миёни экстрасенсҳо дар Русия, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии ТНТ - и ин кишвар бо номи “Битва эксрасенсов” роҳандозӣ мешавад, пайдо кард.

Турсуной дар ватанаш бештар ҳамчун шахси дасткушоду саховатпеша, ки бунёде бо номи «Шафқат» боз карда, ба кӯдакону ятимон, беморону дармондагон ва нодорону муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекунад, ном баровардааст. Ба назари вай, агар сарватмандон барои афроди нодору бехона ва ятиму бепарастон хона созанд, рӯзгори камбағалон ҳам обод ва зиндагӣ зеботар хоҳад шуд.

Озодӣ: Фикри сохтани хона барои ятимону бехонагон чӣ тавр дар шумо пайдо шуд?

Турсуной Зокирова: Ман худам дар оилаи серфарзанд, миёни чор бародару се хоҳар калон шудаам. Дили ман мулоим ва ятимонро дӯст медорам. Дар китоби Қуръон ҳам ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон таъкид шудааст. Фикри ман ин, ки одами доро сарватҳояшро дар бонку сандуқ қулф зада нигаҳ надорад, онро миёни нодорону мӯҳтоҷон тақсим кунад. Шароитамон нағз шуда истодааст ва ба ояндаи хуби Тоҷикистон бовар дорам. Кам бошад ҳам, ҳама дороҳову соҳибкорҳо манзил бунёд карда истодаанд. Агар онҳо аз ҳар 30 ҳуҷраи сохтаашон ақаллан як ҳуҷраро ба одамони серфарзанд, бемор ё ятим диҳанд, хонаи як камбағал обод мешавад. Илоҳӣ, бемор нашавем, “дарди дили дармандро дардманд медонад”, мегӯянд. Ман худам аз сар гузаронидам ва дарди дили одамони нодорро медонам.

Озодӣ: Яъне, шумо дар оилаи серфарзанд калон шуда, душвориҳои онро дар ҷисму ҷони худ эҳсос кардаед?

Турсуной Зокирова: Тангии манзилу хӯрдан нею аммо камбуди пӯшокро дидам. Ману як хоҳарам як сол аз ҳам фарқ дорем. Вай синфи 5, ман ба синфи 4 мерафтем. Аз вақте ки худро мешиносам, бо вай ҳамроҳ як либоси мактабӣ (форма) – ро мепӯшидем. Якдигарамонро интизор мешудем, ки кай аз мактаб меояду либоси мактабиашро медиҳад. Ман бисёр ҳаракат мекардам, ки 5 дақиқа ҳам ба дарс дер намонам, ҳатто ки портфеламро назди болиштам монда хоб мерафтам. Агар хоҳарам дер ё бо либоси ифлос меомад, гиря мекардам. Ёд дорам, ки пешбанди хоҳарамро шуста таротар ба бар кардаму роҳи мактаб пеш гирифтам ва як дастам пеши барам буд, ки тариашро набинанд. Боз ёдам ҳаст, ки соли 1985 дар Қайроқум заминҷунбӣ шуду ҳуҷраамон, дар хонаи бисёртабақа, ки ба раҳматӣ - шавҳарам аз ҷойи корашон дода буданд, вайрону валангор шуд. Мо хонаи заминӣ сохтем, девори атрофаш тахтагин буд, бисёр безеб, ман аз назди хонаҳо хиштҳои шикаста ҷамъ мекардам ва девор бардоштем. Чаро аз гуфтани ин шарм дорам, ман дуздӣ намекардам – ку. Ёдам ҳаст, ки чӯбу чахси сари роҳ хобидаро ҳам ба хона меовардам. Барои ҳамин аз худам мепурсам, ки оё имрӯз ҳам ҳастанд ҳамин гуна одамон, ки чизи худро аз якдигар дареғ надоранд. Ва ҳис мекунам ва мебинам, ки ҳастанд ва дунё аз ин гуна одамон холӣ нест.

Озодӣ: Падару модар чӣ кор мекарданд ?

Турсуной Зокирова: Кор мекарданд. Модар баъдтар ба кор даромаданд. Падарам аввал сартарош буданд, баъд дар чойхона кор мекарданд. Одами хоксору ғаюр буданд, фаразан, агар ба оши ҳарифона нараванд ҳам, як сӯм ҳаққашона дар миёна мепартофтанд. Бо меҳнати ҳалол мо, 8 фарзанд, чор хоҳару чор бародарро калон карданд. Ба хулосае расидам, ки дар рӯзҳои мо ҳам оилаҳои серфарзанд, мӯҳтоҷ ҳаст, баъзеҳо ҷойи кор надоранд ва ё мардикорӣ кардан намехоҳанд, шарм медоранд, касоне ҳам ҳастанд, ки ба падару модар нигоҳ намекунанд, дар пиронсолӣ ба ҳоли худашон гузоштаанд, бемор ё маъюбон ҳам бисёранд. Ин гуна одамон ба куҷо раванд? Агар ба онҳо мо барин соҳибкорҳо, дорандаҳо ёрӣ нарасонем, кӣ мерасонад?

Озодӣ: Ҳаққу ҳамсояҳо, сокинони Қайроқум хабари бунёди манзил барои камбағалонро чӣ тавр қабул карданд ?

Турсуной Зокирова: Ҳама хурсанд. Касони бисёр дархостнома оварданд. Мана, як ҳамсоямон, 16 кас дар як хона, чор писар бо чор арӯсаш, ҳар яке бо чанд фарзанд зиндагӣ мекунанд. Хусусан шароити як нафарашон хеле вазнин, шавҳараш барои кор ба Русия рафта, то ҳол даракаш нест. Ба ҳаққи ҳамсоягӣ ёрӣ хоста наздам омад. Ман чӣ тавр ин хел одамонро ба ҳоли худашон монда, дар хонаи чандошёна зиндагӣ мекунам? Як хона барои як одам бас, охир. Ман худам як хона дорам. Ва як хонае, ки аз падару модар мерос монда буду аз мӯҳтоҷию беморӣ бародарам фурӯхта буд, онро харидем. Бародарам аз баландӣ афтода маҷрӯҳ ва дардманд шуда буд. Қарздор шуда, аз ноилоҷӣ он манзили аз сеҳуҷраи меросӣ аз падару модар, дар хонаи панҷошёна дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷандро чанд сол пеш ба 18 ҳазор доллар фурӯхта буд. Баъд ман хостам, ки он хонаи ёдгорӣ аз замони кӯдакиамро бозпас бихарам. Соҳиби нав дид, ки ба ҳар қимат гӯяд, рӯ намегардонам, 144 ҳазор доллар талаб кард. Аммо ман ин қадар пул надоштам, муддате ҷамъ карда, баъд хонаи волидайнро барои бародарам харидорӣ кардам.

Озодӣ: Оё намояндагони ҳукумат ин иқдоми шуморо дастгирӣ карданд ва ёрӣ мерасонанд?

Турсуной Зокирова: Ташаккур ба онҳо, ки онҳо ҳамин заминро барои хонасозӣ ҷудо карданд. Ман ба Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд муроҷиат карда будам, дастгирӣ карданд. Соли гузашта, 5-уми август президент - Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодани Маркази «Манижа», ки барои кӯдакон «Бунёди Шафқат» - и мо сохта буд, иштирок доштанд. Ва ба замини паҳлӯи марказ бо дасташон ишора карда пурсиданд, ки чаро ин пораи замин дар маркази Қайроқум холӣ гузошта шудааст. Он ҷо дар ҳақиқат бекорхобидаву хористон буд. Мана, насиб будааст, ки бо пайи қадами президенту раиси вилоят ин ҷо манзил созем. Ҳамаи номаҳои мӯҳтоҷони бехонаро дида мебароем ва ба ҳар кас, ки насиб карда бошад, хона медиҳем. Чунки ин хонаҳо барои хешу табори ман ё барои фурӯш не. Гуфтам, ки барои мӯҳтоҷон хона месозам, албатта, инро иҷро мекунам. Худо агар хоҳад. Албатта ба маросими тақсимаш президенту раиси вилоят, меҳмонон, шуморо ҳам албатта, даъват мекунем.

Озодӣ: Насиб. Сармоядорон, саховатмандони маҳаллӣ ба шумо ёрии молии худро дар ин кори хайр пешниҳод карданд, ё касоне, ки сармоя надоранд, гуфтанд, ки бо кор саҳми худро дар сохтмони ин бино мегузоранд?

Турсуной Зокирова: Албатта, ин хел одамон ҳастанду шояд манро намеёбанд. Аслан ёрии онҳо барои худи ман даркор нест, аммо ба ёрии онҳо ятимону камбағалон, беморону бехонаҳо мӯҳтоҷанд. Дигар дорандаҳову соҳибкорҳо ҳам албатта дар дилашон нияти кори хайр доранд. Ман гӯям – нагӯям, онҳо кори неке анҷом медиҳанд. Аз онҳо фақат илтимоси ман як илтимос, агар 30 хона пӯшанд, як ҳуҷраро ба хешу табори худашон ҳадя кунанд. Миёни хешу таборашон, ки дигар камбағал намонд, баъд ба дигарон ҳам ёрӣ расонанд. Агар дасти дорандаҳо боз нашавад, доро намешаванд, худованд ба молу чизи онҳо баракат намедиҳад. Ман аслан дар ин бора гуфтан намехостам, миннат нашавад, лекин шумо пурсидед ва ман хоҳам – нахоҳам, бояд ҷавоб гӯям. Чунки одам бояд тавре хайр кунад, ки дасти чапаш аз додаи дасти росташ хабар наёбад.

Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро сарпарастии нодорон аз сӯи сарватмандон, масалан, хонасозии дороён барои камбағалон маъмулӣ нашудааст?

Турсуной Зокирова: Мо аввал ба хотири тинҷиву амонӣ дар кишварамон ба худо шукр мегӯем. Хоҳиши ман ҳамин, ки дорандаҳо бепул набошад ҳам, ақаллан бо нархи арзонтар хона созанд. Агар бунёд кунанду қимат фурӯшанд, гуноҳ аст. Ман дилам пур, ки дар оянда хонасозӣ ҳам мешавад, корхонаҳо ҳам кушода мешавад, роҳҳо ҳам месозанд. Аммо кори хайрро имрӯз адо кардан беҳтар.

Озодӣ: Маблағи бунёди ин хонаи 5 ошёнаеро, ки месозед, чӣ тавр ба даст овардед?

Турсуной Зокирова: Ман дар як Маркази ироаи ёриҳои равонӣ дар шаҳри Маскав кор мекунам. 5 сол пеш дар сабқати «Битва экстрасенсов» ТНТ- и Русия иштирок карда будам. Ва баъди он дар ин марказ ба кор даъват карданд. Ман он ҷо ба одамони дармондаву бемор ёриҳои рӯҳониву равонӣ мерасонам ва ба табобат машғулам. Ман дар дастам биоток дорам ва бо он муолиҷа мекунам. Дастмузде, ки ба ман медиҳанд, оварда дар Тоҷикистон сарф мекунам, ки ватанам обод шавад. Аммо ман фолбиниву ҷодугарӣ намекунам, ки ин чизҳоро Қуръон манъ кардааст. Пешгӯӣ ҳам гуноҳ аст. Бинед, ман ба 56 баромадам ва пеш ҳарфи арабиро намедонистам, акнун ёд гирифтам ва дар 20 рӯз онро хатм кардам. Қуръон шифо аст ва сураҳои онро хонда аз худованд шифо талаб мекунам. Масалан, дар Русия наздам шахсе омад, як одами ба қавле «ба худаш тинҷ», ки 9 сол боз фарзанддор нашуда буд. Ман ӯро табобат кардам, дар як сол соҳиби фарзанд шуд. Ман аз ягон кас ё бонк қарз нагирифтаам, хонаро бо пули худам месозам.

Озодӣ: Хонум Турсуной, пас аз нашри мaтлабе дар саҳифаи Озодӣ дар бораи оғози бунёди манзил барои ятимону камбағалон аз сӯи шумо, як хонандаи сомонаи мо бо номи Абдумаҷид, аз шаҳри Маскав навиштаанд, ки мехоҳанд дар ин кори хайр ба қадри тавон саҳм бигзоранд ва пурсидаанд, чӣ тавр бо бунёдкорон тамос бигиранд?

Турсуной Зокирова: Абдумаҷид, раҳмат барои ин нияти нек ва дастгириатон!
Ман ёвар дорам, ки кори сохтмони биноро пеш мебаранд, Убайдулло Анваров, рақами телефонашон + 992 92 526 89 39. «Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам намерасад», мумкин мою шумо дар Маскав бо ҳам вохӯрем. Рақамҳои тамосро дар саҳифаи tursunoy.ru дарёфт карда метавонед.

Озодӣ: Зимнан, аслан шумо ба Маскав барои иштирок дар барномаи «Битва экстрасенсов» рафта будед ?

Турсуной Зокирова: Не, ин кор тамоман тасодуфӣ иттифоқ афтода буд. Ман ба Русия назди писарам рафта будам ва дар метро рӯймолча мефурӯхтам.
Ҳамон ҷо аз сабқат бохабар шудам ва иштирок кардам. Насиб будааст, ки иштироки ман бобарор буд. Ҳоло бо Маркази ироаи ёриҳои равонӣ дар Маскав шартнома дорам ва ҳамкорӣ мекунам. Аммо дилам мехоҳад, ки ба ватанам баргардам. Чунки дар Русия мумкин, ман ба касе даркор нестам, ба онҳо ҳунарам даркор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG