Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов гуфт, ки корхонаи тавлиди тракторҳои Беларус дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мешавад.

Ҷаноби Қоимдодов ба дар сӯҳбат бо хабарнигорон баён дошт, ки "Тамоми санадҳо барои таъсиси корхонаи истеҳсоли тракторҳои Беларус дар ҷануби Тоҷикистон омода шудаанд"

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, ин корхона солона то 250 трактор истеҳсол мекунад ва дар он то соли 2017 ҳудудан 1500 нафар ба кор фаро гирифта хоҳад шуд. Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда содироти ин техникаро ба кишварҳои минтақа низ ба роҳ монад.

"Ҳоло майдони истеҳсолӣ интихоб шудааст ва танҳо як масъалаи фаннӣ боқӣ мондааст, ки он ҳам ба сармоягузории Тоҷикистон ба ин лоиҳа марбут аст, - гуфт сафири Тоҷикистон ва афзуд, "ин маблағ чандон бузург нест, ҳудудан 5 миллион доллар ва ман бовар дорам, ки лоиҳа дар наздиктарин фурсат шурӯъ хоҳад шуд"

Сафири Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло гуфтушунидҳо барои харидории мошинҳои истеҳсоли корхонаҳои маъруфи Беларус, БелАЗ, МАЗ ва МТЗ ҷараён доранд.

Ба гуфтаи фири, дар ҳамин авохир кишвари Беларус наздик ба ҳазор мошни вазнини сохтмониро барои кор дар иншоотҳои энержӣ ба Тоҷикистон содир кардааст. Ин мошинҳо асосан дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд. Тоҷикистон ҳамчунин барои бунёди маркази хидматрасонӣ дар назди обанбори Роғун, бо корхонаи БелАЗ музокирот пеш мебарад.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, аз 1400 мошин, ки Тоҷикистон аз Беларус харидорӣ кардааст, беш аз нисф ба кишвар интиқол ёфтаанд.

Қозидавлат Қоимдодов гуфт, ки дар баробари қарордодҳои номбурда, Тоҷикистону Беларус ҳамчунин ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ низ густариш додаанд.

Сафири Тоҷикистон ҳамкории ду давлатро муваффақ арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар панҷ соли ахир гардиши коло дар байни ду давлат ба 45 миллион баробар будааст, ки 40 миллиони онро содироти кишвари Беларус ба Тоҷикистон ташкил додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG