Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо дар андешаи таҳримоти нав алайҳи Сурия


Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат кардаанд, то алайҳи режими Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия таҳримоти изофӣ эъмол шавад. Дар нишасте дар шаҳри Пафос дар ҷазираи Қибрис, вазирони 27 кишвари узв аз Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, хостаанд, то моҳи октябр бастаи нави таҳримот алайҳи ҳукумати Сурияро омода кунад. Айни замон Эрато Козако-Маркоуллис, вазири умури хориҷии Қибрис дар поёни ин нишасти дурӯза гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ба зарурати афзоиши кӯмакҳои башарӣ барои қурбониёни муноқиша дар Сурия таъкид кардааст. Бар асоси гузориши Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия, аз моҳи март то кунун бештар 26 ҳазор нафар кушта шудаанд ва аксарияти онҳо мардуми ғайри низомӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG