Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Путин барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия гуфт, як роҳи аслии суръат бахшидан ба эҳёи кунди иқтисоди ҷаҳонӣ ривоҷ додани тиҷорат аст. Ӯ афзуд, ки дигар вазифаи муҳимтарин дар ин аём, “саъйи муштарак барои муқобила бо протексионизм”, яъне роҳ надодани моли дигарон ба бозорҳои дохилист. Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия дар шаҳри Владивосток баргузор мешавад, ки асосан кишварҳои минтақаи Уқёнусия дар он шомиланд. Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин дар ин нишаст қавл дод, ки рушди муназзами иқтисоди кишварашро нигаҳ хоҳад дошт. Айни замон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки кунд шудани суръати рушди иқтисодӣ дар Чин метавонад, эҳёи иқтисоди ҷаҳониро кундтар кунад.
XS
SM
MD
LG