Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикову Русия ду созишнома имзо карданд


Амрико ва Русия ду созишнома барои таҳкими ҳамкориҳо дар Антарктика ва гулӯгоҳи Беринг имзо кардаанд, ки ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров ин аснодро рӯзи шанбе дар ҳошияи нишасти созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёву Уқёнусия дар шаҳри Владивосток имзо карданд. Ҳарду вазир, имзои ин созишномаҳоро намоёнгари азми ду кишвар барои таҳкиму идомаи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба хонданд. Қарор аст, дар ҳошияи ин нишаст Ҳилларӣ Клинтон бо сарони чанд кишвари узви созмон мулоқот кунад ва аз ҷумла Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия гуфтӯгуи ғайрирасмӣ анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG