Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико шабакаи Ҳаққониро террористӣ эълон мекунад


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар Покистон ҷой гирифтааст, барои ҳамлаҳои фаромарзиаш бар зидди нируҳои НАТО дар Афғонистон ба феҳристи созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ворид карда шудааст.

Мақомоти вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтанд, вазир Ҳилларӣ Клинтон қабл аз сафараш ба шаҳри Владивостоки Русия барои ширкат дар як мулоқот дар ин бора дар гузорише ба нишонии Конгресс имзо кардааст. Дар ин гузориш шабакаи Ҳаққонӣ шабакаи террористӣ қаламдод мешавад.
XS
SM
MD
LG