Пайвандҳои дастрасӣ

Барои расидагӣ ба сухтори "Корвон" кумиссиюн ташкил шуд


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ки як кумиссиюни махсус барои расидагӣ ба сабабҳо ва хисороти ворида аз сӯхтор дар бозори «Корвон» ташкил ва ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба ин кумиссиюн кормандони вазорати дохила ва додситонии кул дохил шудаанд.

Қаблан ширкати давлатии"Тоҷиксуғурта" гуфт, ки омода аст зарари моддӣ ва молии тоҷирон ва фурӯшандаҳои зиёндидаи сӯхтори Корвонро ҷуброн кунад.
XS
SM
MD
LG