Пайвандҳои дастрасӣ

Таронаи нави Толибҷон Қурбонхонов дар васфи ВВП


Толибҷон Қурбонов ҳангоми иҷрои тарона

Толибҷон Қурбонов ҳангоми иҷрои тарона

Толибҷон Қурбонхонов, шаҳрванди Тоҷикистон, таронаи севуми худро низ дар васфи Владимир Путин иҷро кардааст.

Толибҷон Қурбонхонов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иҷрои таронаҳо дар васфи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, шӯҳрат дорад, таронаи севуми худро бо навори ҷолиб пахш кард. Ин таронаи ӯ ба зодрӯзи Владимир Путин бахшида шудааст.

"Путин Русияро аз мушкилоту печидагиҳо раҳо кард ва Русияро ободу тинҷ намуд. Путинро дӯст доред, Русия-модарро азиз доред",-чунин аст мазмуни таронаи нави Толибҷон Қурбонхонов.

Суруди нахустини ҷаноби Қурбонхонов дар васфи Путин -- "ВВП" дар соли гузашта суруда шуда буд ва дар ҷомеаи Русия сарусадоҳои зиёдеро ба дунбол дошт. Суруди дувуми худро Толибҷон дар арафаи интихоби Владимир Путин ба курсии президентии Русия таҳти унвони "Шукр худойро барои Владимир" пахш кард. Ин таронаи Толибҷон Қурбонхонов аз ҷониби сиёсатмадорони бонуфузи Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский бо интиқоди шадид рӯбарӯ шуд.

Толибҷон Қурбонхонов чанде қабл барои таронаи "ВВП" барандаи ҷоизаи "Калӯши нуқрагӣ" шуд. Расонаҳои русӣ хабар доданд, ки дар як маросими хос рӯзи 19-уми июн дар шаҳри Маскав ин ҷоизаро шабакаи радиои "Борони нуқрагин" ба Толибҷон тақдим кардааст. Ҷоизаи "Калӯши нуқрагин" рамзӣ буда, ин ҷоиза “барои дастовардҳои шубҳаовар” сарфароз карда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG