Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Каримов дар бораи ниругоҳҳои Роғун ва Қамбарота


Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистостон дар ҷараёни боздиди худ аз Қазоқистон таъкид кардааст, ки дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон расидагии байналмиллалӣ анҷом бигирад.

Вай гуфтааст, “Мизони об дар рӯдхонаҳо чӣ гуна тағир хоҳад кард? Мо имрӯз чӣ қадр об мегирем ва пагоҳ чӣ қадр хоҳем гирифт, агар дар рӯдхонаҳо сарбандҳо сохта шаванд?”
Каримов пешниҳод кардааст, ки қабл аз сохтани чунин ниругоҳҳо бояд бо кишварҳои бузург мувофиқатномаҳо имзо шаванд.

Дар ин бора матбуот хабар додааст.
XS
SM
MD
LG