Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти Хоруғ 60 нафар захмӣ шудаанд


Мақомоти тандурустии Бадахшон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ беш аз 60 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Баъзе аз ин афроди маҷрӯҳ мегӯянд, аз "тири дайду" захмӣ шуда, ба муолиҷа ё муолиҷаи давомдор ниёз доранд, аммо то кунун аз сӯи мақомот кӯмаке дарёфт накардаанд.

Пештар аъзои гурӯҳи 20-нафарии миёнрав аз мақомот хоста буданд, ки шумораи қурбониёни амалиёти Хоруғ аз ҳисоби сокинони маҳаллиро дақиқ намоянд. Пулиси Хоруғ то кунун феҳрастеро таҳия кардааст, ки бар асоси он 21 нафар дар ин амалиёт кушта шудаанд. Аммо дар ин феҳрист гуфта нашудааст, ки аз ин афрод чанд нафар низоӣ ва ё ғайринизомӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG