Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чанд рӯз боз дар минтақаи Беҷовари Покистон бархӯрди мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангҷӯён аз сар гирифта шудааст.

Мақомоти Покистон як сол пеш таъкид карда буданд, ки баъд аз амалиёти сесолаи поксозии минтақа, Исломобод муваффақ шуд, Толибонро аз манотиқи қабилаҳо берун кунад. Вале ба қавли коршиносон, истифодаи хоки Афғонистон ба ҳайси паноҳгоҳи амн тамоми кӯшишҳои ҳукумати Покистонро барҳам задааст.

26-уми август Толибони покистонӣ аз вилояти Кунари Афғонистон марзро убур намуда, деҳаи Батвари вилояти Боҷурро ишғол карданд. Аъзамхон ном сокини деҳаи Батвар мегӯяд, ошӯбгарон ба онҳо дастур доданд, ки деҳаро тарк кунанд. “Вақте Толибон ба минтақа омаданд, артиш ҳам ба он ҷо ҳозир шуд. Толибон ба мо гуфтанд, ки барои ҷилавгирӣ аз қурбониҳо минтақаро тарк кунем. Мо бидуни кадом чизе фирор кардем. На либос дорему на ҷои хоб. Ҳеҷ чиз надорем”,-афзуд ӯ.

Шавкатуллоҳ, вазири умури манотиқи марзиву қабилаҳо мегӯяд, бо шурӯи бархӯрд дар Батвар сокинони деҳоти гирду атроф ҳам ба ҷойҳои бехатар фирор кардаанд: “То ҳозир камаш 2 ҳазор оила минтақаро тарк кардаанд. Ҳар оила чанд узв дорад, яъне шумори мардуми осебдида зиёд аст. Мардуми манотиқи мухталифи вилояти Боҷур ба онҳо паноҳгоҳ медиҳанд.”

Нерӯҳои амниятии Покистон мегӯянд, бахши бузурги деҳаи Батварро аз ошӯбгарон пок кардаанд, вале ҳанӯз ҳам муқовимати онҳо хотима наёфтааст. Ба қавли мақомот дар 12 рӯзи муқовимат даҳҳо ошӯбгар ба қатл расидаву дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ба истиснои чанд маҷрӯҳ касе ба ҳалокат нарасидааст. Аммо иттилои низомиёни Покистон аз тарафи манбаъҳои мустақил тасдиқ ва ё такзиб нашудааст.

Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ошӯбгарон ба гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон марбут ҳастанд. Онҳо соли гузашта аз вилояти Беҷовар ба Афғонистон фирор намуда, ба назар мерасад, ки дар давоми як соли гузашта аз ҳисоби намоядагони қавмҳои гуногун сафҳояшонро тақвият бахшидаанд. Коршиносон ба омили аҷиб ишора мекунанд, ки дар бархӯрди Беҷовар Толибони афғон ширкат намеварзанд. Ҳамин гуна Толибони афғон ҳам Покистонро ҳамчун паноҳгоҳи амн истифода бурда, аз қаламрави ин кишвар болои Афғонистон ҳамла мекунанд.

Хабарнигори покистонӣ Раҳимуллоҳ Юсуфзай мегӯяд, то ҳол амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳое муваффақ будааст, ки ба марз бо Афғонистон наздик нестанд: “Онҳо то ҳол пирӯзии комил ба даст наовардаанд. Фақат дар водии Сувот ва ноҳияи Малаканди вилояти Хайбар Пахтунхво Толибонро ноком кардаанду аз он ҷо берун кашидаанд. Ҳатто агар Толибон ба ин манотиқ кӯшиши бозгашт кунанд, онҳо наметавонанд ин амалро ба таври ошкоро иҷро кунанд, Ба фикрам, ин ҷанг тӯлонӣ мешаваду пирӯзӣ дар он ба осонӣ даст нахоҳад дод.”

Ба гуфтаи Юсуфзай, дар марз нерӯҳои давлатӣ силоҳи хуб доранду метавонанд ба ошӯбгарон зарбаи ҷиддӣ зананд, вале убури марз ба онҳо имкон медиҳад, ки дар ҷои амн пинҳон шуда, сипас дар вақти барояшон муносиб ба Покистон баргашта, бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ қиём намоянд.
XS
SM
MD
LG