Пайвандҳои дастрасӣ

Римша Масиҳ бо васиқа аз зиндони Покистон раҳо шуд


Рӯзи ҷумъа додгоҳи Покистон Римша Масиҳ-духтари масеҳиро, ки барои тавҳин ба муққаддасоти ислом гунаҳгор дониста мешуд, бо васиқа аз зиндон раҳо гардид. Парвандаи вай ғазаби маҳофили байналмиллалиро барангехта буд.

Муҳаммад Аъзамхон-қозии додгоҳ гуфт, Римша Масиҳ, ки дар яке аз маҳаллоти фақирнишини шаҳри Исломобод 16 август боздошт шуд, коғазҳоеро оташ задааст, ки дар он оёти Қуръон навишта шуда буд.

Тавҳин ба муқаддасоти ислом аз мавзӯъҳои ҳассос дар ҷомеаи аксаран мусулмони Покистон ба шумор меравад ва барои тавҳин муҷозоти эъдом пешбинӣ шудааст.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз Покистон хостаанд, ки дар қонунҳои худ роҷеъ ба тавҳин ислоҳот ворид кунанд.
XS
SM
MD
LG