Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар амалиёти шаҳри Хоруғ 60 нафар захмӣ шудаанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тандурустии Бадахшон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти тандурустии вилояти Бадахшон теъдоди сокиноне, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруғ захм бардоштаанд, беш аз 60 нафар будааст. Бархе аз ин афроди маҷрӯҳ мегӯянд, аз "тири дайду" захмӣ шуда, ба муолиҷа ё табобати мудаввом ниёз доранд. Аммо тавре онҳо гуфтанд, бо гузашти бештар аз як моҳ аз амалиёти нерӯҳои низомӣ дар Хоруғ, то кунун аз сӯи мақомот кӯмаке дарёфт накардаанд.

Сардори беморхонаи вилоятӣ Шодӣ Гулаёзов изҳор дошт, ки ба шифохонаи онҳо пас аз амалиёти рӯзи 24-уми июл 25 нафар бо захми тир муроҷиат карда, ба маҷрӯҳон кӯмаки ройгони пизишкӣ ва доруворӣ расонда шудааст. Вале пизишки шӯъбаи осебшиносӣ Фарҳод Шаҳбозбеков пурра таъмин будани маҷрӯҳонро бо доруву дармони ройгон ё бепул рад карда гуфт, ба маҷрӯҳон танҳо дар мавриди оҷил кӯмаки ройгон расонда метавонанд.

Вай баён дошт, "вақте захмӣ ба шӯъба дохил мешавад, як-ду рӯзи дигар ба вай бепул дору медиҳем. Лекин пас аз ин маҷрӯҳон дорувориро пурра бо пули худашон мехаранд, зеро имкониятҳои беморхона маҳдуд ҳастанд." Наздик ба маҳалли муқовимат қарор доштани беморхонаи вилоятӣ боис шудааст, ки дар рӯзи амалиёт 20 нафар захмиёни тир ба маркази бемориҳои сил низ интиқол ёфтаанд. Ду нафар аз ин захмиён дар бемористон ҷон додаанд.

Ҳамчунин, 5 нафар маҷрӯҳ бинобар ташаннуҷи авзоъ дар Хоруғ ба бемористонҳои ноҳияи Шуғнон ва 14 нафар ба бемористонҳои ноҳияи Роштқалъа муроҷиат кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса дар рӯзи амалиёт дар Хоруғ автомашинаи "Ёрии таъҷилӣ" фаъол набудааст ва дар маҳаллаи УПД-и шаҳр ҳадди ақал як маҷрӯҳ аз хунравии зиёд ва адами кӯмаки аввалияи пизишкӣ ҷон бохтааст. Бештари захмиён дар рӯзи аввали амалиёт аз тарси таъқиби мақомоти қудратӣ ба бемористонҳо муроҷиат накардаанд ва ё бо номҳои сохта ба бемористон афтоданд. Гуфта мешавад, чанде аз ин маҷрӯҳон барои табобат ба бемористони ҷумҳуриявӣ дар Душанбе фиристода шудаанд.

Вале Замир Алишоев, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, вай телефонӣ бо дӯсти маҷрӯҳаш дар беморхонаи Қарияи Боло сӯхбат намуда, таассуроти ҳузнангезе бардоштааст. Зеро ба гуфтаи дӯсташ, дар он ҷо ҳар як захмии амалиёти Хоруғро "ҷангӣ" меҳисобанд ва бо онҳо муносибати хуб надоранд. Замир гуфт: "Вай гиря мекунад, зеро муносибати пизишкон бо вай хуб нест. Ҳатто он доруҳоеро, ки ба вай дар Хоруғ медоданд, дар он ҷо намедиҳанд. Беҳтараш барои маҷрӯҳон дар бемористонҳои вилоят шароит муҳайё ва ба онҳо кӯмак расонда шавад."

Корманди маркази ташхиси судию тиббӣ Улфатмо Ҳукуматшоева мегӯяд, имрӯз маҷрӯҳе ба онҳо муроҷиат кард, ки дар се ҷой захми тир дорад, вале дар маълумотномаи пизишкӣ сабт шудааст, ки ин шахс фақат аз дасташ тир хӯрдааст. Ӯ гуфт, "маҷрӯҳро аз нав барои ташхис ба назди пизишкон фиристодем, зеро дар се ҷо захми тир дорад." Ёқуббек Фармонбеков, бародари ин шахси маҷрӯҳ гуфт, устухони дасти додараш аз зарби тир шикаста, илоҷи ягонаи табобаташ дар дасти табибони беморхонаҳои марказии ҷумҳуриявист. Вале ӯ мегӯяд, барои ин кор маблағ надоранд.

Коршиносон мегӯянд, мақомот хисороти молиро ҳисоб ва ба зарардидагон ҷуброн мекунад. Аммо рӯйхати шаҳрвандони мулкии қурбонии амалиёт ҳанӯз расман эълон нашуда, гумон меравад, ки мақомот фақат бо узрхоҳӣ аз хешону пайвандон ва наздиконашон иктифо карданиянд. Аммо хешовандони маҷрӯҳон аз мақомот талаб доранд, ки барои доруву дармон ва табобат барояшон кӯмак намоянд ва дар зудтарин фурсат барои маҷрӯҳони қобили кор нафақаи маъюбӣ таъйин намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG