Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Мазуна Чориева, муштзани 19-солаи тоҷик, ордени “Шараф”-ро супорид.

Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи таҷлил аз 21-мин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 330 корманди касбу кори гуногунро бо мукофоту ҷоизаҳо, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус сарфароз кард.

Аз ҷумла, ба муштзан Мавзуна Чориева, ки аз миёни 16 варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Лондон-2012 бо медали биринҷӣ бозгашт, ордени "Шараф" ва ҳам 200 ҳазор сомонӣ тӯҳфаи пулии ваъдагӣ супурда шуд. Ҷаноби Раҳмон ҳангоми эъто ё тақдими ин тӯҳфа ба Мавзуна Чориева гуфт, "ин аз номи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст."

Дар ин маҳфил ҳамчунин Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, ба баландатарин ҷоизаи адабии Тоҷикистон - "Рӯдакӣ" мушарраф шуд. Раҳмат Назрӣ, котиби иҷроияи Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷоиза ба cафири Эрон барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" ва тарғибу интишори адабиёти тоҷик дар Ҷумҳурии исломӣ тақдим гардид.

Ҷоизаи "Рудакӣ" ҳамчунин ба Ҷӯра Ҳошимӣ барои ашъори тозанашраш барои кӯдакону хурдсолон ва ҳамчунин ба Аҳмадҷони Раҳматзод барои маҷмӯаи шеърҳои "Номаи сарво" супурда шуд.

Ҷоизаи Рӯдакӣ ҳамчунин ба ҳунарпешаи театри русии ба номи Маяковский Баҳодур Миралибеков, сароянда Файзалӣ Ҳасанов, Маҳмадраҳим Каримов, меъмори дарвозаҳои "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Ҳоло ба иттилои Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ маблағи ин ҷоиза ба 3 ҳазор доллар баробар карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG