Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

21 соли истиқлолият ё 21 соли "воҳима"?


Таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон. Душанбе, 9-уми сентябр

Таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон. Душанбе, 9-уми сентябр

21 соли истиқлоли Тоҷикистон ва расонаӣ шудани номаи маҳрамонаи раиси Кумитаи дин дар бораи фаъолияти ҲНИТ дар меҳвари аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор гирифтааст.

"ОЗОДАГОН"

21 соли истиқлоли Тоҷикистонро ба 21 соли воҳима ташбеҳ карда ва навиштааст, "ҳукуматдорони мо истиқлолиятро фақату фақат ба масобаи як вожа ё мафҳуми тафохуромез ё хушобурангу хушсадо қабул ва дарку фаҳм кардаанду халос". Нашрия менависад, "ба истиқлолият соҳиб шудан ҳаргиз моҳиятан ба он хотир набудааст, ки ҳукумат ва амалдорони он, аз вазир то кабир аз қавли кампири Оламбибии мо "даст болои даст монда" ба умеди рӯзи фардои фирӯз, ки худованд шабеҳи мӯъҷизае барояшон нохосту ногаҳонӣ эҳдояшон мекунанд, роҳат дар курсиҳо "ғанаб кунанд".

"НАҶОТ"

Дар матлаби "Истиқлол" аз он интиқод кардааст, ки бо гузашти беш аз 21 сол аз касби истиқлол то кунун бисёриҳо ба "дарку маънии истиқлол ва мустақилият" нарасидаанд. Ишораи нашрия бештар ба суханбофиҳои масъулону кормандони шабакаи аввали телевизиони тоҷик аст. Ҳамзамон нашрия аз раванди таҷлили ҷашни истиқлол низ дар кишвар нигаронӣ карда ва ин суолро гузоштааст, ки "оё дар Тоҷикистон таҷдиди назаре дар фарҳанги таҷлил аз истиқлоли миллат ва кишвар сурат мегирад?"

"ФАРАЖ"

Дар иртибот ба рӯзи истиқлол ҷӯёи меъмори истиқлолияти Тоҷикистон шудааст. Дар посух ба ин суол, ки "Меъмори истиқлолияти Тоҷикистон кист?" Масъуд Собиров, раҳбари ҲДТ, Тоҳири Абдуҷабборро аз меъморони аслии истиқлоли кишвар хондааст. Аммо вай аз лиҳози ҳуҷҷатгузорӣ ва ба расмият даровардани истиқлолият, шодравон Қадриддин Аслоновро саҳмгузор дар эъмори истиқлоли Тоҷикистон медонад. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ, ба як ё ду нафар меъмор будани истиқлол розӣ нест ва мегӯяд, "тамоми мардуми ин миллат меъмор ҳастанд. Ҳарчанд ҳукумати давр ба даст овардани истиқлолиятро намехост, аммо нерӯҳои озодихоҳ ҳукуматро маҷбур мекарданд истиқлолиятро ба даст орад."

"МИЛЛАТ"

Номаи Шаҳло Раҳимова, духтари Абдураҳим Раҳимовро зери номи "Бефарҳанге вазири фарҳангро кушт, радиову телевизион аз ӯ ёд намекунанд" чоп кардааст. Вай менависад, падараш дар роҳи истиқлол қурбон шуд, лекин боре ӯро ақалан ба воситаи телевизион ё радио ёдовар намешаванд. Шаҳло садо баланд мекунад, "эй фарҳангиёни вораставу ҳушманд, истиқлолро ҷашн гиред, на танҳо бирақседу пой кӯбед, балки аз шодобҳояш бинӯшед, аз комёбиҳояш комгорӣ кунед ва дар сояаш сар панаҳ кунед, аммо он азизони дилро, он фарзандони қурбони роҳи истиқлолро ҳам аз ёд набаред!"

"ИСТИҚЛОЛ"

Дар матлаби "ҲНИТ-ро мебанданд?", изҳороти додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба фаъолиятҳои ҲНИТ-ро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, "дар остонаи интихоботи президентии 2013-ум ин гуна изҳорот зиёд мешавад, вале ба таври ҷиддӣ ба латма ёфтани имиҷи ҳизбу баста шудани он намерасонад, ҳарчанд чунин таҷрибаи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад". Ба навиштаи нашрия "агар иқдоми ниҳодҳои давлатӣ сирф ҷанбаи сиёсӣ дошта бошад, муваффақ нахоҳад шуд".

"СССР"

Ба бастани ҲНИТ шак оварда, вале расонаӣ шудани номаи махфии Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи ин ҳизбро ба чолиш кашидааст. Ба ин матлаб "Викиликси Ҳукумати Тоҷикистон кист?" сарлавҳа гузоштаанд. Муаллифи матлаб, Раҷаби Мирзо, менависад, "ин бори дигар исбот менамояд, ки эҳтимолан дар дохили худи ҳукумат низ баъзе нерӯ ва ашхосе вуҷуд доранд, ки хостор ё интизори кадом як таҳаввулоти тасаввурнопазиранд".

"НИГОҲ"

Дар ин замина менависад, "набарде, ки то ин дам, гумон мерафт, танҳо аз як тараф - ҳукумат оғоз шуда, тарафи дигар - ҲНИТ созишкорӣ ва беамалӣ мекард, ба анҷом мерасад. Акнун ҲНИТ тариқи фош кардани номаҳои маҳрамона, тавре WikiLieaks-и Ҷулиан Ассанҷ мекард, ба ин набард ворид шуд". Нашрия бар ин аст, ки "ҲНИТ нерӯи асосии мухолифи ҳукумат маҳсуб мешавад, аз ин хотир фишорҳо сари он рӯз ба рӯз меафзояд, аммо то куҷо ин муқовимати нарм ва мутамаддини ҳизб онро аз баста шудан ва ба як нерӯи пинҳонкор табдил ёфтан нигоҳ медорад, суоли вақт аст".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG