Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз мардуми Амрико чаҳор соли дигар вақт хост


Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Амрико

Барак Обама дар анҷумани Ҳизби демократ суханронӣ намуда, номзадӣ барои даври дуюми раёсатҷумҳуриро қабул кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Амрико дар бораи ояндаи Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла эҳёи иқтисоди ин кишвар ибрози назар карда, аз раъйдиҳандагон барои иҷрои барномаҳояш чор соли дигар дархост кард.

Бо ишора ба интихоботи президентии моҳи ноябр ӯ гуфт, “дар ҳар як масъала интихоб миёни ду номзад ва ё миёни ду ҳизб нахоҳад буд, ин интихоб миёни ду роҳи мухталиф, интихоб миёни ду назари мухталиф барои ояндаи Амрико аст.”

Бо назардошти мизони баланди бекорӣ дар Амрико, ки то 8,3 дарсад (фоиз) боло рафтааст, Барак Обама гуфт, роҳе, ки ӯ барои мардуми кишвар пешниҳод мекунад, осон ва тезрас нест, эҳтимол он чанд солро дар бар гирад, вале ба ин восита таҳдидҳое рафъ мешаванд, ки тӯли даҳсолаҳо арзи вуҷуд доштанд. Ба қавли Обама, агар мардум барномаи ӯро қабул кунанду он иҷро шавад, қарзи кишвар то 4 триллион доллар коҳиш хоҳад ёфт.

Вай афзуд, мехоҳад ба мисли даврони раёсатҷумҳурии Билл Клинтон қонуни андози кишварро тағйир диҳад, то афроди сарватманд молиёт (андоз)-и бештар супоранд. Дар он давра дар Иёлоти Муттаҳида 23 миллион ҷои нави корӣ ташкил шуда буд. Рӯзи чоршанбе, 5-уми сентябр, дар анҷумани демократҳо собиқ президенти Амрико Билл Клинтон ба тарафдорӣ аз Обама суханронӣ намуда, гуфт, барои рафъи хасороте, ки ба иқтисоди ИМА дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш расонда шуд, як даври чорсолаи президентӣ кифоят намекунад.

Дар интихоботи моҳи ноябр Обама бо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, собиқ волии аёлати Массачуссетс Мит Ромнӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар анҷумани демократҳо Ромниро ҳамчун як миллионере тавсиф намуданд, ки дар бораи мушкили амрикои миёнаҳол тасаввурот надорад.

Дар паёми худ ба вакилони анҷуман Обама сиёсати хориҷии Ромниро мавриди интиқод қарор дод. Обама гуфт, Ромнӣ Русияро душман номида, фаромӯш кардааст, ки Ал-Қоидаро дар рӯйхати душманони Амрико ёдовар шавад. Тибқи назархоҳиҳо Обама аз Ромнӣ пешдастӣ дорад.
Ибтидо Обама мебоист дар як варзишгоҳи боз дар назди 74 ҳазор нафар номзадии Ҳизби демократро қабл мекард, вале ҳавои бад боис шуд, ки суханронии ӯ дар зери боми яке аз толорҳои шаҳри Шарлотаи Каролинаи Шимолӣ дар рӯ ба рӯи 15 ҳазор нафар доир шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG