Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама расман номзадиро қабул кард


 Барак Обама ва Бил Клинтон дар анҷумани ҳизби демократи ИМА
Барак Обама ва Бил Клинтон дар анҷумани ҳизби демократи ИМА
Президенти ИМА Барак Обама дар анҷумани ҳизби демократи ИМА суханронӣ намуда, расман номзадӣ барои даври дуюми раёсатҷумҳуриро қабул кард.Президент Обама дар бораи ояндаи Амрико ва аз ҷумла эҳёи иқтисоди ин кишвар ибрози назар карда, раъйдиҳандагонро ба пуштибонӣ аз номзадиаш даъват кард. Дар интихоботи моҳи ноябр Обама бо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, собиқ волии аёлати Массачуссетс Мит Ромнӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Рӯзи чоршанбе дар анҷумани демократҳо собиқ президенти ИМА Бил Клинтон ба тарафдорӣ аз Обама суханронӣ намуда, гуфт, барои рафъи хасороте, ки ба иқтисоди ИМА дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш расонида шуд, як даври чорсолаи президентӣ кифоят намекунад.
Тибқи назархоҳиҳо Обама аз Ромнӣ пешдастӣ дорад.
XS
SM
MD
LG