Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои МиГ-29-ро ба замин шинонданд


 Ҳавопаймои ҷангии МиГ-29

Ҳавопаймои ҷангии МиГ-29

Баъди суқути як ҳавопаймои ҷангии МиГ-29 дар минтақаи Читаи шарқи Русия вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюков фармон дод, ки то замони ташхиси сабаби ин ҳодиса парвози ҳавопаймоҳои МиГ-29 мутаваққиф гардад. Дар гузоришҳои ибтидоӣ таъкид мешуд, ки қабл аз суқути ҳавопаймо халабон онро тарк кардааст. Вале ҷасади халабонро дар дохили ҳавопаймои сарнагуншуда пайдо карданд. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, ҳавопаймо аз пойгоҳи Домна ба ҳаво хеста буд, вале чанд лаҳза баъд аз оғози парвоз робита бо он қатъ шуд. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳавопаймо мусаллаҳ набуд ва ҳангоми суқут низ хасороти иловагӣ нарасонид. Гурӯҳи муфаттишон таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG