Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ додситони кулли Афғонистон раҳо шуд


 Абдуҷаббор Собит-собиқ додситони кулли Афғонистон
Абдуҷаббор Собит-собиқ додситони кулли Афғонистон
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Кобул иттилоъ медиҳад, ки собиқ додситони кулли Афғонистон Абдуҷаббор Собит бо нерӯҳои амниятӣ дар тамос шуда, хабар додааст, ки баъди 11 моҳи асорат ӯ раҳо шудааст. Тибқи гузоришҳои расида гурӯҳи силоҳбадаст дар моҳи октябри соли 2011-ум дар Кобул Собитро рабуда буд. То ҳанӯз маълум нест, ки кадом гурӯҳ масъули гаравгонгирии Собит будааст. Сухангӯи ҳукумати Афғонистон Самиулло Майахейл мегӯяд, Собит бо оилааш пайвастааст.
XS
SM
MD
LG