Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳиби "Корвон" бо рӯзноманигорон мулоқот кард


Нуршед Машрабов-соҳиби бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе дар нишасти хабарие бо рӯзноманигорон аз тоҷирону соҳибкорони зарардидаи бозор узр хост ва изҳор дошт, ки вай вай ба ҷое фирор карданӣ нест.

Корвон бузургтарин бозори Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай гуфт, тамоми шаб дар маҳали ҳодиса будааст ва то ҳол маълум шудааст, ки тақрибани 2 ҳазор нафар соҳибкорону тоҷирон аз сӯхтор зарар дидаанд.

Вале то ҳол мизони хисороти ворида ҳисоб нашудааст. Ба ақидаи вай, бозорро оташ задаанд, вале наметавонад бигӯяд, ки ин афрод киҳо будаанд. Дастгоҳҳои сабти навор ҳамаи ин саҳнаҳоро сабт карданд ва ҳоло ин сатҳоро мақомоти амниятӣ меомӯзанд.
Вай қавл додааст, ки дӯконҳои сӯхтаи бозорро барқарор мекунад, вале зарари молии тоҷиронро баргардонида наметавонад.
XS
SM
MD
LG