Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин дар бораи Обама ва Ромнӣ изҳори назар кард


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, мавзеъгирии шадиди Митт Ромнӣ-дар қиболи Русия “иштибоҳ” аст, вале агар вай дар интихоботи моҳи ноябр раиси ҷумҳури Амрико интихоб шавад, Маскав метавонад бо вай кор кунад. Путин ин суханонро зимни мусоҳибааш бо телевизиони англисизабони Russia Today изҳор дошт.

“Мо бо ҳар касе, ки мардуми Амрико интихоб мекунанд, кор хоҳем кард. Аммо кори мо он гуна хоҳад буд, ки тарафи ҳамкори мо онро мехоҳад”.

Путин ишора кард, ки агар Ромнӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад, мавзеъгириҳои Русия ва Амрико роҷеъ ба истиқрори сипари дифои зидди мушакии НАТО дар Аврупо аз ҳам дуртар хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Путин гуфтааст, ки агар баъд аз интихобот Барак Обама дар мақоми худ бимонад, рӯёрӯиҳои ду кишвар сабуктар мешавад. Вай гуфт, “Обама шахси содиқ аст ва воқеан мехоҳад, ки барои беҳбудӣ тағирот пеш ояд”.
XS
SM
MD
LG