Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Душанбе бо тоҷирони "Корвон" мулоқот кард


Маҳмадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе дар бозори "Корвон" бо тоҷирони норозӣ мулоқот кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин мулоқот муовини раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Юсуфиён ва намояндагони Додситонии кул ҳамроҳӣ мекарданд. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданд ва дар сӯхтори ахири "Корвон" зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардони қарзҳояшон тамдид хоҳад шуд.

Убайдуллоев ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби амволу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Хабарнигори Озодӣ, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, мегӯяд, ба қавли ҷаноби Убайдуллоев раиси бозори "Корвон" ба Дубай фирор кардааст.

Шаҳрдори Душанбе афзуд, комиссияи вижа ё махсус ҳам созмон дода мешавад, ки ин ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард. Аммо бо ин ҳам мардум ором нестанд ва бархеи онҳо мегӯянд, ки ба суолҳои худ посухе дарёфт накардаанд.
XS
SM
MD
LG