Пайвандҳои дастрасӣ

Оё дар сӯхтори бозори "Корвон" талафоти ҷонӣ ҳаст?


Бозори "Корвон"

Бозори "Корвон"

Соҳибкорону фурушандаҳои бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтаанд, шоми дирӯз онҳо дидаанд, ки ҳангоми ба шиддат оташ гирифтани бозор ду наврас барои аз коми оташ берун бурдани колоҳҳои наздиконашон вориди вагонҳои оташгирифта шудаанд ва аз шиддати гармӣ ҷон додаанд.

Ҳамчунин фурӯшандаҳо нақл кардаанд, ки як зани дигар низ барои гирифтани колои худ вориди бозор шуда, дигар берун наомадааст.

Ин хабарҳоро манобеи мустақил таъйид накардаанд ва то ҳол дар бораи мизони талафоти молӣ хабаре пахш нашудааст ва маълум нест, ки оё талафони ҷонӣ низ ҳаст ё хайр.
XS
SM
MD
LG