Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холид дар Тоҷикистон боздошт нашудааст


Раёсати марзбонии кумитаи амнияти милии Тоҷикистон хабари расонаҳоро дар ин маврид, ки Асадулло Холид номзад ба мақоми раёсати Хадамоти амнияти миллии Афғонистон ду маротиба дар Тоҷикистон бо қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, рад кард ва ин хабарро беасос шуморид.

Хушнуд Раҳматулоев-сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон 6 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки Асадулло Холид ҳеҷ вақт дар қаламрави Тоҷикистон бо қочоқи маводи мухаддир боздошт нашудааст ва ному насаби ӯ дар ҳуҷҷатҳо ва руйхати афроди боздоштшудаҳои қочоқи маводи мухаддир ҷой надорад.

Хушнуд Раҳматулоев мегуяд, расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки Асадулло Холид ду бор дар қаламрави Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст ва бо кӯмаки Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон раҳо шудааст, ки ин комилан дуруст нест.

Ҷаноби Раҳматуллоев меафзояд, ки қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, ки бо дахолати сафорати кишвари дигар шахси боздоштшуда раҳо карда шавад.
XS
SM
MD
LG