Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як сокини Ашт дар "асорат"-и марзбонҳои Узбакистон


Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон

Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон

Як сокини ноҳияи Ашт дар гузаргоҳи марзии Фотеҳобод-Ойбек аз сӯи марзбонони Узбакистон боздошт шудааст.

Ҳайдаралӣ Юлдошев, сокини шаҳраки Марҳамати ноҳияи Ашт, рӯзи 29-уми сентябр дар гузаргоҳи Ойбек, воқеъ дар канори ноҳияи Масчо, аз ҷониби марзбонҳои узбак боздошт шуда, то ҳол бедарак аст.

Дар ин бора фарзанди ӯ - Алишер дар як тамоси телефонӣ бо дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд иттилоъ дод. Ӯ гуфт, "ин хабарро як наздикамон ба мо расонданд. Вақте аз гузаргоҳи Ойбек гузаштан падарамро дидаанд, ки сарҳадбонҳои Узбакистон боздошт кардаанд. Дигар чизеро маълум кардан натавонистаанд. Падарам, ба он хешамон фақат ҳамин қадар гуфта тавонистаанд, ки боздошт шудаанд."

Ба гуфтаи Алишер, падараш, Ҳайдаралӣ Юлдошев ба мақсади муҳоҷирати корӣ раҳ сӯи шаҳри Челябински Русия, назди писари дигараш, пеш гирифта буд. Вай ба хотири сарфаи роҳкиро машаққати сафарро ба дӯш гирифта, мехост савори автобус худро то Русия расонад.

Аммо бо гузашти як ҳафта пайвандони Ҳайдаралӣ Юлдошев аз шаҳри Челябинск гуфтаанд, ки ӯ ҳанӯз ба назди онҳо нарасидааст. Алишер мегӯяд, нопадид шудани падараш дар пайи боздошт аз сӯи сарҳадбонҳои узбак аҳли хонаводаи онҳоро дар ноҳияи Ашт сахт хавотир кардааст.

Вай гуфт, мехост, ба гузаргоҳи Фотеҳобод – Ойбек барои фаҳмидани ҳақиқати боздошти падараш равад, аммо наздиконаш ӯро аз ин роҳ боздоштаанд.

Вай ба хотири он ки Ҳайдаралӣ Юдошев мақоми шаҳрвандии Русияро низ дорад, ба консулгарии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардааст: "Ман то нимрӯзӣ мунтазир шудам, консул наомад. Як корманди дигар манро қабул карда гуфтанд, ки дар ин кор ба мо ёрӣ расонида наметавонанд."

Мусоҳиби мо афзуд, вале бародараш аз шаҳри Челябински Русия ба вай гуфтааст, ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат хоҳад кард, то аз падари гумшудааш дараке ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG