Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири нави Қирғизистон кист?


Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири нави Қирғизистон
Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири нави Қирғизистон

Сарвазири нави Қирғизистон, Ҷанторо Сотиболдиев, зодаи ҷануби ин кишвар буда, узвияти ягон ҳизби сиёсиро надорад.

Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири нави Қирғизистонро ҳамчун дипломати хуб ва хоҷагидори кордон мешиносанд. Як моҳ пеш касе тахмин зада наметавонист, ки ӯ раҳбарии ҳукумати Қирғизистонро бар дӯш хоҳад гирифт.

Вале бо фурӯпошии эътилофи ҳоким номи Ҷанторо Сотиболдиев ҳамчун номзади асосии курсии сарвазири кишвар беш аз ҳар номи дигар садо медод ва эҳтимол тасдиқи номзадии ӯ дар парлумон бисёриҳоро ба тааҷҷуб наовард. Рӯзи чоршанбе, 5-уми сентябр, аз байни 120 вакили мардумӣ 111 нафар аз номзадии Сотиболдиев пуштибонӣ карданд.

"Дӯсти ҳама"

Шореҳи бахши қирғизии Радиои Озодӣ Болот Колбаев мегӯяд, Сотиболдиев ҳеҷ гоҳ дар ягон ҷанҷоли боз ва ё муқовимат бо ин ва ё он нерӯи сиёсӣ шарик нашудааст. Колбаев бар ин назар аст, ки эҳтимол ҳамин мавқеи созандаи Сотиболдиев боис шуд, ки баъд аз нооромиҳои моҳи июни соли 2010-ум Сотиболдиев раиси идораи барқароркунӣ ва рушди вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи ин кишвар таъйин шуда, ки баробар бо мақоми муовини сарвазир буд.

Турат Акимов
Турат Акимов
Ӯ бо президенти кишвар Алмосбек Отамбоев равобити хуб барқарор намудааст ва аз ин ҷост, ки пас аз пирӯзии Отамбоев дар интихоботи президентӣ Сотиболдиев дар моҳи декабри гузашта раиси дастгоҳи президент таъйин шуд. Сиёсатшиноси қирғиз ва сардабири нашрияи “Пул ва давлат”, чопи Қирғизистон, Турат Акимов мегӯяд, барои президент Отамбоев сарвазире лозим аст, ки бо касе “ҷанг” накунаду дар айни замон хоҷагидори хуб бошад:
“Одаме лозим аст, ки бо кланҳои ҷанубӣ ва сиёсатмадороне ба монанди Тошиеву Келдибеков муросо дошта бошад. Сотиболдиев зодаи ҷануб аст. Ӯ даъвоҳои бузург надорад ва ба ҳамаи режимҳо содиқона хидмат кардааст. Ба ҳар ҷое, ки ӯро таъйин мекарданд, ӯ самимона корашро иҷро мекард. Сотиболдиев барои Отамбоев аз он сабаб лозим аст, ки вазъро ором кунаду аз фурӯрезии парлумон ҷилавгирӣ ба амал ояд.”

"Сӯхторхомӯшкун"

Агар ба корномаи Сотиболдиев назар афканем, мебинем, ки ӯро бештар на чун маъмури нарму ҷӯяндаи созиш, балки бештар чун мансабдори қотеъ дар ҳалли бӯҳронҳо истифода бурдаанд. Дар соли 2003-юм, вақте ҷумҳурӣ бо бӯҳрони энергетикӣ мувоҷеҳ шуд, президент Аскар Оқоев Сотиболдиевро намояндаи хоси раисҷумҳур дар соҳаи амнияти энергетикӣ таъйин намуда, ваколатҳояшро ба муовини сарвазир баробар кард.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раиси ҳизби Ота Макони Қирғизистон Омурбек Текебоев гуфт, баъд аз он Сотиболдиев бо муваффақият вазифаашро иҷро кард. Текебоев хотирнишон кард, ки дар соли 2006-ум низ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев кордонии Сотиболдиевро мадди назар гирифта, ӯро раиси вилояти Ӯш ва намояндаи хоси президенти кишвар дар ҷануб таъйин кард. Текебоев меафзояд, Сотиболдиев бо тамоми раҳбарони ҷумҳурӣ ва аз ҷумла Масалиев, Усубалиев, Оқоев, Боқиев, Отунбоева ва Отамбоев ҳамкории мусбат доштааст.

Иттиҳоми фасод

Омурбек Текебоев
Омурбек Текебоев
Ҳангоми арзёбии номзадии Сотиболдиев дар баъзе торнамоҳо (сайтҳо) маълумоте пайдо шуд, ки Сотиболдиев дар фасод даст дорад. Муаллифи айбнома навиштааст, дар солҳои 1996-1997-ум Сотиболдиев раҳбарии сохтмони роҳи Ӯш –Бишкекро бар дӯш дошт. Ҳамин гуна, ин сомона таъкид кардааст, ки дар соли 2007-ум Сотиболдиев бо иттиҳоми фасод аз мансаби раиси вилояти Ӯш маҳрум шуда буд. Вале то имрӯз ягон айбномаи расмии ришвахории Сотиболдиев ошкор нашудааст.

Раиси ҳизби Ота Макон Текебоев бовар дорад, ки Сотиболдиев ба фасод рӯ нахоҳад овард: “Сотиболдиев мисли сарвазири пештара намояндаи кадом ҳизбе нест, ки ӯро таҳти назорат қарор диҳад. Ӯ соҳибкор ҳам нест, ки манфиати сохторҳои хусусиашро ҳифз кунад. Сотиболдиев зери назорати президент ва парлумон хоҳад буд ва онҳо имкон нахоҳанд дод, ки ӯ ба хато роҳ диҳад.”

Хулоса, Сотиболдиев дар марҳилаи хеле ҳам ҳассос сарвазир интихоб шудааст. Ӯ 6-уми январи соли 1956-ум дар ноҳияи Узгени вилояти Ӯш ба дунё омада, дар соли 1979-ум Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзеро хатм кардааст. Сарвазири нави Қирғизистон оиладор буда, як писару се духтар дорад.
XS
SM
MD
LG