Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама расман номзади Ҳизби демократ эълон шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Иёлоти Муттаҳида
Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Иёлоти Муттаҳида

Билл Клинтон, раисиҷумҳури собиқи Амрико, Барак Обамаро номзади Ҳизби демократ дар интихоботи 6-уми ноябр эълон кард.

Дар рӯзи дувуми Анҷумани ҳизби демократи Амрико дар шаҳри Шарлоттаи аёлати Каролинаи Шимолӣ, Билл Клинтон, раисиҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида, гуфт, Барак Обама зербинои иқтисоди муосир ва мувозинро бунёд намуд. Ба қавли Клинтон, ки то ҳол машҳуртарин узви Ҳизби демократи Амрико ба шумор меравад, Обама набояд масъули вазъи ногувори иқтисоди кишвар ба ҳисоб равад.

Ба қавли Клинтон, Обама ин вазъро аз президенти қаблии кишвар ба мерос гирифта буд ва барои эҳёи иқтисод ва аз ҷумла коҳиши бекорӣ, ки ҳозир аз ҳашт дарсад (фоиз) болотар аст, Обама ба вақти бештар ниёз дорад.

Ҳузури Билл Клинтон вакилони анҷуманро ба ёди даврони раёсатҷумҳурии ӯ, яъне солҳои навадуми қарни гузашта бурд, ки он замон иқтисоди Амрико дар ҳоли рушд буду буҷаи кишвар каср надошт ва иқтисод дасти бештари корӣ тақозо мекард. Раисиҷумҳури пешинип Иёлоти Муттаҳида таъкид кард, ки аз дастовардҳои бахши амниятии маъмурияти Обама ифтихор дорад.

Клинтон ҳамчунон гуфт, ӯ ифтихор дорад, ки ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон котиби давлатӣ дар маъмурияти президент Обама мебошад. Дар поёни суханронии Клинтон президент Обама ба саҳна баромад, ки ба қавли шореҳон рамзи иттиҳоди ду давраи раёсатҷумҳурии намояндаи Ҳизби демократи Амрико мебошад.

Дар рӯзи аввали анҷумани Ҳизби демократи ИМА хонуми аввали ин кишвар Мишел Обама дар бораи лаёқати шавҳараш ба даври дуюми раёсатҷумҳурӣ сухан ронд. Бар пояи назархоҳиҳо Обама нисбат ба номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, собиқ волии аёлати Массачуссетс, Мит Ромнӣ пуштибонии бештар дорад.

Пешбинӣ мешуд, ки шоми панҷшанбе, 6-уми сентябр, президент Обама дар як варзишгоҳи боз номзадии Ҳизби демократро қабул кунад, вале ҳавои бад боис шуд, ки суханронии Обамаро ба толори хурдтаре интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG