Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА муҳокимаи одилонаи Сануссиро талаб кардааст


Сайфулислом Қаззофӣ ( писари Муаммар Қаззофӣ) ва Абдулло Сануссӣ ( раиси идораи ҷосусии Либия дар давраи ҳукми Қаззофӣ)
Сайфулислом Қаззофӣ ( писари Муаммар Қаззофӣ) ва Абдулло Сануссӣ ( раиси идораи ҷосусии Либия дар давраи ҳукми Қаззофӣ)
ИМА аз Либия даъват кардааст, ки собиқ раиси хадамоти ҷосусии ин кишвар ба таври одилона муҳокима шавад ва муомила бо ӯ хуб бошад. Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Патрик Вентрел мегӯяд, Вашингтон аз мақомоти Либия ҳамчунон дархост намудааст, ки бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳамкорӣ кунанд. Даъвати ИМА баъди истирдоди Абдулло Сануссӣ-собиқ раиси идораи ҷосусии Либия, аз Мавритания нашр шуд. Сануссӣ, ки дар даврони ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ раҳбарии ин ниҳодро бар дӯш доштааст, дар пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ низ қарор дорад. Сануссӣ, ки моҳи март дар Мавритания дастгир шудааст, бо кӯшиши барҳам задани ошӯби мардумии соли гузашта муттаҳам мешавад. Моҳи равон дар Либия муҳокимаи писари Қаззофӣ Сайфулислом доир мешавад.
XS
SM
MD
LG