Пайвандҳои дастрасӣ

Дузди алмосхӯри чинӣ боздошт шуд


 Чоу Ван-дузди алмосхӯр, дар иҳотаи афсарони амниятии Шри Ланка

Чоу Ван-дузди алмосхӯр, дар иҳотаи афсарони амниятии Шри Ланка

Рӯзи чоршанбе дар намоишгоҳи сангҳои гаронбаҳо дар Шри Ланка як шаҳрванди Чин ба хотири фурӯ бурдани санги гаронбаҳо боздошт шуд. Раиси намоишгоҳ Суреш Виҷекон мегӯяд, ин фард рафтори шубҳабарангез дошт ва вақте ӯ ба наздаш омад, ин мард, ки Чоу Ван ном доштааст, ногаҳон санги алмосро дар даҳонаш пинҳон кард. Суреш полис даъват кард ва тафтиши ҷисми Чоу ба воситаи нури ренгген собит намудааст, ки дар меъдаи ӯ як санги алмос мавҷуд аст. Суреш меафзояд, ки алмоси дохили шиками марди чинӣ якуним карат буда, нархи он ба 14 ҳазор доллар баробар аст.
XS
SM
MD
LG