Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 200 кг ҳероин дар марзи Қазоқистон


Марзбони қазоқ бо саги бӯгир дар гузаргоҳи марзӣ

Марзбони қазоқ бо саги бӯгир дар гузаргоҳи марзӣ

Хадамоти гумруки Қазоқистон мегӯяд, дар марзи миёни Қазоқистону Қирғизистон дар дохили як мошин тахминан 200 килограмм ҳероин кашфу мусодира шудааст, ки нархи он то 190 миллион долларро ташкил медиҳад. Мансабдорони қазоқ мегӯянд, ки чанд тан дар иртибот бо қочоқи ин мавод боздошт шудаанд. Ҳероинро рӯзи сешанбе ҳангоми тафтиши мошин дар ҷараёни убури марз ташхис намудаанд. Ба қавли афсарони хадамоти гумруки Қазоқистон зоҳиран ҳероин дар Афғонистон истеҳсол шудааст ва қочоқчиён ҳадаф доштанд, тавассути қазоқистон онро ба Русия ва кишварҳои аврупоӣ содир кунанд.
XS
SM
MD
LG