Пайвандҳои дастрасӣ

"Газром" мегӯяд, ҳеҷ "гуноҳе" накардааст


Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия дар вокуниш ба таҳқиқи амалкардҳои он аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, “зимни тиҷорат, тамоми меъёр ва муқаррароти байналмилалӣ ва қонунҳои дохилии Русияро ҳамаҷониба риоят мекунад.” Кумиссиёни Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, ба таҳқиқи амалкардҳои “Газпром” пардохтааст, ки гӯё бо эҷоди монеа барои рақибонаш, қимматгузории ноодилона барои мизоҷонаш дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва худдорӣ аз интиқоли газ, қонунҳои зиддимонополии Иттиҳодияи Аврупоро помол кардааст. Ин гуна амалкардҳои Газпром дар Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Эстония, Маҷористон, Латвия, Литва ва Лаҳистону Словакия мушоҳида шудааст. Газпром мушаххас нагуфтааст, ки қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо риоят накардааст ва афзудааст, ки дар хориҷ аз қаламрави қонунии Иттиҳодияи Аврупо сабт шуда ва аз тарафи ҳукумати Русия мудирият мешавад.
XS
SM
MD
LG