Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Обама мегӯяд, ҳамсари ӯ cазовори эътимод аст


Дар Королинаи Шимолӣ анҷумани Ҳизби Демократи ИМА оғоз шуд, ки номзадии Барак Обама ва ноиби ӯ Ҷо Байденро ба интихоботи моҳи ноябр пешбарӣ кунад.

Ду рӯзи аввали анҷуман дар муҷтамаи ҳунариву варзишии “Тайм Уорнер Кейбл Арена” ва рӯзи ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Бенк оф Америка” ҷараён мегирад, ки 75 ҳазор ҷой дорад.

Матбуоти маҳаллӣ навиштааст, ки навбатҳои хоҳишмандони иштирок дар анҷуман то рафт тӯлонитар мешаванд. Нозирон пуштибонии саросарӣ аз раисиҷумҳур, маҳсусан дар Королинаи Шимолиро барои маъракаи пешазинтихоботӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.

Ин Аёлат ба таври суннатӣ аз пойгоҳҳои ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико унвон шудааст, аммо дар интихоботи соли 2008 Обама ба пирӯзӣ дар ин минтақа ноил шуд. Аз соли 1976 ба ин тараф ин аввалин пирӯзии Демократҳо дар Корлинаи Шимолӣ буд. Аммо марказҳои назарсанҷӣ бо ишора ба ҳаракати бар ба бари Обома бо Ромни дар Аёлати Королинаи Шимолӣ, сабқати ҷиддиеро пешгӯи мекунанд, ки дар тезутундӣ аз манотиқи калидии дигар камтар наҳоҳад буд.

Интизор меравад, ки Барак Обама дар суханрониаш бештар ба дастовардҳои маъмурияти худ тамаркуз кунад. Ӯ бо зикри муваффақиятҳои худ, дар роҳи парвоз ба сӯи Королинаи Шимолӣ ба нашрияи “US Today” гуфт, ки бинобар талошҳои
маъмурияти ӯ, иқтисоди кишвар аз бӯҳрони тӯлонӣ ҷон ба саломат бурд ва амалҳои босаводонаи командаи ӯ саноати мошинсозии Амрикоро наҷот дод. Президент Обама ислоҳоти бимаи тиббиро аз муваффақиятҳои дигари маъмурияти худ унвон кард. Дар бахши сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ, раисҷумҳур ба анҷоми ҷанг дар Ироқ ва маҳви раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин таъкид кард.

Дар рӯзи аввали Анҷуман ҳамсари президент, Мишел Обама дар ҳузури ҳайъати анҷуман суханронӣ кард. Ӯ аз баҳси мавзӯҳои сиёсӣ канор рафт ва бештар дар бораи оилаи худ, зиндагӣ бо Обама, то замоне замоне, ки ӯ президент набуд, чӣ тавр фарзандонашро бузург мекард, умуман дар бораи Обама ҳамчун як инсон ҳарф зад. Ҳамсари президент гуфт, “Барак Обама мардест, ки дар эҳёи иқтисоди заиф ба ӯ метавон эътимод кард."

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳеҷ гоҳ ба ин андоза ошиқи ҳамсараш набуд, на дар чаҳор соли пеш ва на дар 23 се соли пеш, ки бори аввал ӯро мулоқот кард. Мишел Обама гуфт, чаҳор соли пеш аз он нигарон буд, ки зиндагӣ дар Кохи Сафед ва сиёсати бузург шавҳарашро дигар мекунад. Аммо ин тавр нашуд ва ба гуфтаи Мишел Обама, ҳамсараш ҳамоне аст, ки солҳо пеш бо ӯ оила бунёд кард: “Агар масоиле, ки мо дар ростои он қарор дорем, ғайриқобили иҷро ба назар бирасанд, биёед фаромӯш накунем, ки ҳалли ҳамагуна масъалаи ғайримумкин - ин таърихи кишвари мост ва маҳз ҳамин тавон моро амрикоӣ кардааст.” -

Масъулияти суханронии барномавӣ дар анҷумани Ҳизби Демократ бар дӯши
Ҷулиан Кастро, мири шаҳри Сан Антониои Тексас ва ситораи рӯ ба тулӯи ҳизб вогузор шуд. Кастро аз қавмҳои Амрикои Лотинӣ аст ва бисёр нозирон ба шабоҳатҳои тарҷумаи ҳоли Кастро бо Обама таъкид мекунанд. Ҳарду ҳам аз гуруҳҳои этникӣ ҳастанд, ҳардуро ҳам модари танҳо бузург кардааст, ҳарду ҳам дар факултаи ҳуқуқи донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард таҳсил гирифтаанд ва ҳарду ҳам барвақт ба сиёсат ҳорид шудаанд. Дар соли 2004 масъулияти суханронии барномавӣ аз Ҳизби демократро Барак Обама бар дӯш дошт. Баъд аз ин суханронӣ, бисёриҳо пешгӯӣ карданд, ки ин мард як рӯз раисҷумҳур мешавад.

Ҷулиан Кастро асосан аз иқтисод сӯҳбат кард ва ба тафовути байни Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо, дар бархӯрд ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ишора намуд. Ӯ гуфт, чаҳор соли пеш дар ҳоле, ки Амрико дар садади депрессия қарор дошт, бо камтарин шанс барои мувафақият ва сарфи назар аз муқовимати ҷумҳурихоҳон, президент Обама қарорҳои қатъӣ қабул кард. Дар натиҷа чаҳор миллион ҷойи корӣ эҷод шуд.

“Ҷумҳурихоҳон бар ин назаранд, ки агар муваффақтаринҳои мо зиндагии хуб дошта бошанд, ин ба гунае зиндагии дигаронро ҳам беҳтар мекунад”, гуфт Ҷулиан Кастро. “Озодӣ осон ба даст намеояд, аммо Митт Ромни ва Пол Райаан намефаҳманд, ки имкони фаъолиятҳои муваффақи иқтисодӣ барои инсон низ осон дарёфт намешаванд.”

5-уми сентябр, дар рӯзи дуюми анҷуман ноиби раисҷумҳури Амрико Ҷой Байден
ва собиқ раисиҷумҳури Амрико Билл Клинтон дар ҳузури ҳайъатҳо суханронӣ мекунанд. Иштироки дуввумӣ дар анҷуман аз ҷониби нозирон ҳамчун аломати оштӣ шудани Обама бо Билл Клинтон талаққӣ шуд.

Муносибати ҳарду баъди он ки Клинтон дар интихоботи президентии соли 2008 аз номзадии ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон, рақиби аслии Обама пуштибонӣ кард, рӯ ба сардӣ гароид. Худи Клинтон, ки дар мақоми Котиби Давлатии Амрико фаъолият мекунад, дар анҷуман иштирок надорад, зеро иштироки кормандони федеролӣ дар маъракаҳои сиёсӣ хилофи оинномаи шохаи иҷроияи ҳукумат аст. Бо ин далел намояндагони маъруфи Ҳизби демократ, вазири дифоъ Леон Паннета, вазири молия Тимотӣ Гайтнер ва вазири адлия Эрик Ҳолдер низ дар анҷумани ҳизб иштирок накарданд.
XS
SM
MD
LG