Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати “Тетис Петролиум” мегӯяд, марҳилаи дигари таҳқиқи манобеъи эҳтимолии газу нафт дар Тоҷикистонро шурӯъ кардааст.

Моҳи июли ҳамин сол ширкати мазкур эълом кард, ки мумкин аст, Тоҷикистон соҳиби бештар аз 27 миллиард бӯшка нафт ва 114 триллион мукааб гази табиӣ бошад, ки аз манобеъи азими ҷаҳонӣ метавонад бошад. Ба гуфтаи “Тетис Петроилум”, ин манобеъ умдатан дар водии Вахш ҷойгиранд.

Ҷулиан Ҳаммонд, мудири иҷроияи ширкати “Тетис Петролиум” дар сӯҳбат ба Озодӣ, доир ба марҳилаи нави таҳқиқи манобеъи газу нафти Тоҷикистон гуфт:

Ҷулиан Ҳаммонд: “Ҳоло мо ба марҳилаи ниҳоии омӯзиш расидем, ки марҳилаи таҳқиқоти сейсмикӣ аст. Бар асоси иттилоъоти бадастомада аз натиҷаҳои омӯзиши сейсмикӣ, мо макони буриши нахустин чоҳи амиқ аз қабати намакро шурӯъ мекунем. Интизор дорем, ки буриши чоҳ нимаи аввали соли оянда оғоз шавад ва ин чоҳи бисёр амиқ тақрибан аз 6 то 7 километр хоҳад буд. Мо дастгоҳи пармакунии ZJ-70 дорем, ки то охири сол ба Тоҷикистон бурда мешавад ва қодир аст, то умқи 7 километр парма кунад. Барои расидан ба ин умқ тақрибан 9 моҳ зарур мешавад. “

Озодӣ: Оё таҳқиқи сейсмикӣ метавонад собит кунад, ки воқеан нафт ё газ дар зери замин мавҷуд аст?

Ҷулиан Ҳаммонд: “Аввал натиҷаҳои таҳқиқи сейсмикиро мегиред, баъдан аз рӯи моделҳои мавҷуд донишмандон ва геологҳо мебинанд ва тахмини худро дар бораи мавҷудияти захираҳо мегӯянд. Аммо то замоне, ки майдони эҳтимолии нафт ё газро парма накунед, ҳеҷ гоҳ намедонед, ки онҷо чӣ ҳаст. Садҳо маротиба шудааст, ки майдонеро барои пайдо кардани нафт парма карда, аммо газ ёфтаанд ва ҳамингуна садҳо чоҳро барои газ кофтаанд, вале нафт пайдо шудааст. Аммо мо интизор дорем, ки дар сатҳи поёнии чоҳ гази тар пайдо кунем. Яъне гази омехта бо бухори бензину ва таркибҳои дигари газ. Ин газ дар умқи поёнӣ дар қабати даврони “юра” ҷойгир аст. Майдонҳои азими нафту гази Узбакистону Туркманистон низ дар ҳамин қабат аст. Ин қабат дар Тоҷикистон фақат дар умқи бештар ҷойгир шудааст. “

Озодӣ: Вақте шумо эълом кардед, ки мумкин аст, Тоҷикистон соҳиби манобеъи азими нафту газ бошад, бисёриҳо ба ин гуфта шубҳа карданд, ки чӣ гуна тайи солҳои тӯлонӣ ин манобеъи бузургро касе кашф накард.

Ҷулиан Ҳаммонд: “Бале ин рақамҳои бузург аст ва ба эътиқоди мо, мумкин аст, ин захираҳои азим дар зери қабати намак дар он майдонҳо вуҷуд дошта бошанд. Таҳқиқоти ин захираҳо бар тибқи меъёрҳои усули мавсум ба NI51-101 анҷом шуд, ки дар Канада истифода мекунанд. Меъёри мазкурро Бозори авроқи гаронбаҳои Торонто пазируфтааст ва таҳқиқро ширкати саввум анҷом додааст, ки бояд меъёрҳои бозори Торонторо риоят кунад. Саҳмияҳои мо дар ҳамин бозор ва ҳам бозори бурси Лондон фурӯхта мешаванд. Ба эътиқоди мо, бозори авроқи гаронбаҳои Торонто, бар асоси усулу меъёрҳои сахттарин дар ҷаҳон кор мекунад ва зимни таҳқиқ ҳамаи ин меъёрҳо ба инобат гирифта шудаанд. Дар таҳқиқот ҳам айни замон дар бораи тахмин сухан меравад, на собит шудани мавҷудияти захираҳо. Аз ин рӯ ҳеҷ кафолате нест, ин захираҳо дар онҷо кашф хоҳанд шуд, вале мо умедворем, ки пайдо хоҳем кард, зеро дар Узбакистону Туркманистон, ки дар як уфуқ бо Тоҷикистон ҳастанд, садҳо майдонҳои нафту газ вуҷуд дорад. Барои ҳамин, чаро дар Тоҷикистон ҳам набошад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG