Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бондаренко: Кодекси нав ба фоидаи бизнеси бузург аст


Константин Бондаренко
Константин Бондаренко
Константин Бондаренко, сарвари Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, Кодекси нави андоз соҳаҳои саноат, мухобирот ва нақлиётро ба рукуд мувоҷеҳ хоҳад кард. Ба қавли ӯ, дар пайи нобаробарии андозбандӣ, ки ба дӯши ин соҳаҳо бор мешавад, гардиши молии дохили ширкатҳо коҳиш меёбад ва ҷаззобияти иқтисоди Тоҷикистон барои сармоягузорон низ коҳиш хоҳад ёфт.

Оқои Бондаренко аз ҷумла ба риштаи мухобирот, аз рушдёфтатарин соҳаҳои иқтисоди кишвар ёд овард, ки то ҳол рушди мӯътадил дошт, вале акнун ширкатҳои мухобиротиро лозим меояд, то барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа даст ба ҷайби мардум бубаранд.

Сарвари Маркази бозори озоди Тоҷикистон бар ин аст, ки дар кулл Кодекси нави андоз ба бизнеси бузург имтиёз қоил шуда, барои бизнеси хурд баръакс асароти бештар манфӣ хоҳад овард, ки ин боиси майли соҳибкорон ба «иқтисоди пасипардагӣ» хоҳад шуд.

Константин Бондаренко гуфт, дар Кодекси нав барои пӯшидани хароҷоти буҷа боз ҳам бар афзоиши ҳаҷми андоз такя шудааст, на ба афзоиши теъдоди андозсупорандагон.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 5 сентбяр баъд аз ним соли муҳокима тарҳи нави Кодекси андозро тасвиб кард. Дар арафаи раъйгирии вакилони парлумон Рафъат Ҳасанов, коршиноси сатҳи байнулмилалӣ дар як пажӯҳише, ки бо дархости Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва бо маблағгузории СММ анҷом додааст, ин кодексро "сарбории бе ин ҳам болои андоз ба рушди иқтисодиёт» хонд. Тавре дар ин пажӯҳиш омадааст, барои он ки як кордеҳ ба як нафар коргараш 4 ҳазор сомонӣ маош диҳад, ба мақомоти андоз бояд 1788 сомонӣ андоз пардохт кунад. Яъне қариб 45 фоиз.

Константин Бондаренко, ки низ дар ибтидо ба кори гурӯҳи омодакунандаи Кодекси андоз ҷалб шуда буд, гуфт, ӯ аз ширкат дар баррасиҳо даст кашидааст, зеро ҳис мекард, ки мақомот мехоҳанд он чиро қабул кунанд, ки худ мехоҳанд.

Кодекси қаблӣ 17 навъи андозро дар бар мегирифт ва дар тарҳи нав бархе аз ин молиёт, аз ҷумла андоз аз фурӯши чакана бекор мешавад. Вале қарор аст, Кодекси нав то соли 2017 пурра ба иҷро бидарояд, чунки ба гуфтаи мақомот, коҳиши шумори андозҳо кам шудани манбаъҳои даромади будҷаи давлатиро низ дар пай хоҳад дошт.

Бино ба омори Кумитаи андози вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон, аз 8 миллиард сомонӣ қисми дахли будҷаи давлатӣ 7 миллиард, ё қариб 90 дарсадаш аз ҳисоби молиёт ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG