Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси Маркази таълими имомхатибҳо дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар назди Шӯрои уламои Тоҷикистон, маркази таълими имомхатибҳо ба фаъолият оғоз намудааст.

Атоулло Қосимов сардори Дафтари матбуоти Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки Маркази таълими имомхатибҳо дар назди Шӯрои уламо кишвар амал намуда, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мутахассисони ин ниҳод барнома ва ҷадвали ин марказро баррасӣ доранд.

Ба қавли Атоулло Қосимов, оинномаи «Маркази таълими имомхатибҳо» ҳафтаи гузашта дар Кумитаи дини Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст. Дар зарфи як моҳи оянда ин маркази омӯзишӣ пурра ба фаъолият шурӯъ намуда, аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон довталабон ҷалб карда мешавад. Ва имомхатибони масҷидҳо низ метавонанд барои такмили фаъолияти имомхатибӣ, дар давраҳои омӯзишӣ ширкат кунанд.

Марказ махсус барои имомхатибҳо таъсис дода шудааст ва дар он афроде, ки мехоҳанд дар оянда вазифаи имомахатибиро бар ӯҳда дошта бошанд, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар давраҳои омӯзишии он, устодони Донишгоҳи исломӣ, Донишгоҳи миллӣ, мутахассисони Кумитаи дини ҷумҳурӣ ва уламои тавонони кишвар тадрис хоҳанд кард. Ба қавли Атоулло Қосимов, давраҳои омӯзишӣ дар ин маркази таълимӣ ройгон сурат хоҳанд гирифт.

Тайи чанд соли ахир аст, ки Кумитаи дини Тоҷикистон дар масоҷиди кишвар барои имомхатибҳо аттестатсия анҷом медиҳад ва бо назардошти сатҳӣ донишу таҷриба, онҳоро таъйин мекунад.

Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар расман 3 ҳазору 720 масҷид фаъол аст, ки аз ин 455 масҷиди ҷомеъ амал мекунад. Ва фаъолияти масҷидҳоро Кумитаи дин назорат мекунад ва санҷиш мегузаронад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG